Бегоҳии имрӯз дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд Фестивали Оши палав баргузор мешавад
- Details
- Published on Wednesday, 05 October 2016 09:30
Бегоҳии имрӯз, 5 октябр дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд-и маркази вилояти Суғд бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали Оши палав баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намоянд.
Фесстивали Оши палав соати 16-00 оғоз меёбад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд