Забони давлатӣ- ифтихори мо
- Details
- Published on Friday, 07 October 2016 14:40
Дар мактаби санъати шаҳри Конибодом бахшида ба Иди забони давлатӣ конфронси илмӣ - адабӣ доир гашт.
Дар чорабинӣ корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Б.Маҳмудов зикр дошт, ки забони давлатӣ ин рамзи ягонагӣ ва ифтихори миллат аст. Маҳз, бо сабаби ба даст овардани истиқлолият рушди забони давлатӣ куллан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
Дар конфронс қайд гардид, ки дар рушди забони тоҷикӣ саҳми адибону олимоне ҳилол Карим (асосгузори Алифбои тоҷикӣ), ҳабиба Каримова (забоншинос), олими шинохтаи соҳаи тандурустӣ, тарҷумон Фозилҷон Абдураҳмонов, Абдуқодир Маниёзов, Алӣ Бобоҷон, Мукаррама Қосимова, Шарифҷон ҳусейнзода хеле назаррас аст. Баробари чандин комёбиҳо дар ин ҷода якчанд нуқсонҳои ташвишовару ҳалталаб низ садо дод. Пӯшида нест, ки имрӯз баъзе омӯзгорон дар вақти дарс калимаҳои лаҳҷавиву маҳаллиро бештар истифода мебаранд, ки ин ҳолат хуб нест.
Дар ҳудуди шаҳр минбаъд Шӯрои адабӣ таъсис дода мешавад.
Алиҷон МАҲМУДОВ,
шаҳри Конибодом