Шоми шеъру суруд

КОНИБОДОМ. Дирўз дар маҷмааи таърихии Мадрасаи Ойим бо иштироки шоирон А.Бобоҷон, Н.Боҳирӣ ва доктори фанҳои филология, профессор Ш.Раҳмонӣ чораҷўии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Шоми шеъру суруд» баргузор гардид. Дар он адибони зикршуда, аъзоёни маҳфили навқаламони шаҳр ва шоира  Ф.Мирзо шеърҳои ба тозагӣ эҷод кардаи худро қироат карданд.

ҳамчунин, дар ин нишасти фарҳангӣ хотири иштирокдоронро санъаткорон Ю.Раҷабов, Ш.Мамадҷонова, донишҷўи Консерваторияи миллии Тоҷикистон М.Иброҳимова бо савту сурудҳои худ шод гардониданд.

Мақсади ғанӣ гардонидани маънавиёту маърифати ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ аст.

Дадоҷон АЛИЗОДА,
рўзноманигор

Add comment


Security code
Refresh