Виҷдонамон роҳнамои корҳои хуб бошад!

Бунёди Қасри фарҳанг, чойхонаи замонавӣ, мактаби нав дар деҳаи Хиштхона ва чандин корхонаю биноҳои хурду калони таълимию фарҳангӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон симои ноҳияи Аштро куллан аз ҷиҳати озодагию ободӣ ва зебоӣ дигаргун сохт. Мардуми ноҳия миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда, қавл доданд, ки дар иҷрои нақшаҳои ободкорию созандагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон камари ҳимматро сахт баста,  баҳри ободии диёр саҳмгузор мешаванд.

Афсўс, аз байн чанд рўз нагузашта, дар атрофи Қасри фарҳанг ва чойхонаи нав  ҳар хел партовҳо зиёд гардида  истодааст. Гирду атроф,роҳравҳо пур аз пўчоқи писта буда, касро хеле ба хиҷолат мегузорад. Ҳатто, рўбандаҳо ба дод омада мегўянд, ки тоза кардани боқимондаҳои сигору нос ва пўчоқи писта ниҳоят душвор аст.

Аз ин лиҳоз, дар канори майдончаҳои варзишӣ, қадди кўчаю роҳравҳо, гирду атрофи Қасри фарҳанг ва муассисаҳои таълимӣ сандуқҳои партов гузоштан шарт ва зарур аст!

Соли 2016 - Соли ободии деҳа, маҳалла ва шаҳрак буда, мардуми бофарҳангу зебоипарасти ноҳия муҳити зисти худро тозаю обод ва пок нигоҳ доштанашон зарур аст. Мо бояд фаромўш накунем, ки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббусҳои мардуми ноҳияи Ашт баҳои баланд додаанд. Ҳамеша ба ин баҳои арзанда сазовор мондан қарзи виҷдониамон бошад. Ва мо бояд дар шукуфоии Ватан ҳисса гузорем.

Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОД,
сокини ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh