Реклама дар кӯча ё доғе ба ҳусни шаҳр?
- Details
- Published on Tuesday, 11 October 2016 13:58
Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои иқтисодиёти бозоргонӣ хеле дар авҷ аст, ҷойгоҳи тарғибот ва ташвиқоти молу маҳсулот ва дигар ашёву объектҳо хеле ташаккул ёфтааст. Ин ҳолат дар гирду атрофи Хуҷандшаҳр низ ба дараҷае ташаккул ёфта, ҳатто аз меъёр ҳам гузаштааст. Эълону рекламаҳое, ки дар кўчаҳои шаҳр мебинем, касро батааҷҷуб оварда, дар баробари ин дар баъзе ҳолатҳо маҳзун мегардонад.
Саҳарӣ ба донишгоҳ омадам. Пеш аз он, ки аз дари донишгоҳ дароям, эълонеро, ки дар назди дари донишгоҳ насб шуда буд, дида, ҳайрон шудам. «Продаётся 2-х комнатная квартира со всеми удобствами..."
Аҷабо! О, дўстони азиз, ин ҷо донишгоҳи олӣ аст ва он ҷое, ки эълон насб кардаанд, дари факултет аст, на ин ки тахтаи эълонҳо.
Агар гузаратон ба истгоҳи Универмаг афтад, ба сутунҳои ин истгоҳ як чашм андозед, аз тарзи часпонидани эълону рекламаҳо табъатон "болида" мегардад. Эълон болои эълон. Роҳата ёбу қандата хўр...
Ин гуна ҳолатҳо хеле зиёданд. Имрўз эълондиҳандагон эълонҳоро ҳар куҷо, чӣ тавре ки хоҳанд, мечаспонанд. Танаи дарахт, симчўбҳои барқӣ, деворҳои бино ва муассисаҳо, ҳатто заминҳоро низ барои эълонпаҳнкунӣ табдил додаанд. Ба назари мо, эълондиҳандагон шиори "Баманфиат истифода кардани ҳар порчаи замин"-ро нағзакак ҳалқа бар гўш карда, баҳри амалӣ гардидани ин шиор талош доранд. Агар ин ҳолат давом ёбад, бим аз он дорем, ки ба тани одамон низ эълонҳо часпонида мешавад. Вақтҳоиохир ягона ҷое, ки дар он овезаҳои эълонро намебинед, ин тани инсонҳо аст.
Боз як ҷиҳати масъаларо дар мавриди эълон бояд қайд намуд, ки шаҳрвандон, яъне эълондиҳандагон ҳангоми часпонидани эълон бояд ба инобат гиранд, ин мўҳлати эълон аст, зеро эълонпаҳнкунандагон эълонҳоро дар ҷойҳои гуногун мечаспонанду қисмати онро ба боду борон месупоранд. Аз ин ҷост, ки баъзе эълонҳои аллакай аҳамияти худро аз даст дода, тоза карда нашудааст ва ин зебогии ҳамон ҷойро халалдор месозад.
Барои расидан ба беҳбудӣ дар ин ҷода шаҳрдоронро мебояд, ки ҳаддиақал дар мавзеъҳои серодам дар масофаи нисбатан ба ҳам наздик тахтаҳои махсуси эълонпаҳнкунанда сохта, барои эълоновезӣ танҳо нуқтаҳои мазкурро муқаррар намоянд ва дар дигар ҷойҳо часпонидани эълонкоғазҳоро, ки ҳусни он ҷойҳоро халалдор месозанд, мамнўъ эълон кунанд. Ҳамчунин, барои пурра амалӣ намудани ин пешниҳод тариқи ВАО, хоса телевизион ва радио ба самъи истиқоматкунандагон маълумотҳо пешниҳод намоянд.
Албатта, бо навиштани якмақола ҳама мушкилиҳоро ҳал карда намешавад. Мо то андозае аз баъзе мушкилот ёдовар шудем, бо умеди он, ки баъди хондани ин мавод дар замири хонандагон ҳисси масъулиятшиносӣ зиёд мешавад.
Умед бар он дорем, ки дар бартарафсозии муаммоҳои дар боло зикршуда ҳам истиқоматкунандагон ва ҳам масъулон бетарафӣ зоҳир намекунанд.
Ҷаҳонгир МИРСАЛИМОВ