Бозёфти муҷассамаи «Шоҳи Суғд»
- Details
- Published on Wednesday, 12 October 2016 10:47
Дар Осорхонаи миллии бостоншиносии кишвар маросими муаррифии нигораҳои нави осорхона баргузор гардид. Муҷассамаи арзишманде, ки диққати тамошобинонро ба худ ҷалб кард - ин муҷассамаи «Шоҳи Суғд» буд, ки он ба асрҳои VI-VII-и мелодӣ рост меояд.
Муҷассама 8 июли соли 2016 аз деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ ёфта шудааст. Соҳиби бозёфт омўзгор Қўшабой Ғолибов нақл кардааст, ки ҳанўз 30-35 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чўбистони атрофи кўли Аловиддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрўз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорӣ мешудааст.
Баландии муҷассама 37 см, дарозии он 24 см ва вазнаш 2,540 гр, баландии қади асп аз нуги пой то сари ёл 20,5 см, дарозӣ аз думи асп то фуки асп 24 см мебошад. Дарозии савора аз пой то сари парранда 31,5 см-ро ташкил медиҳад.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Зикриё Акрамӣ зимни муаррифии ин муҷассама иброз намуд: «Ин аввалин бозёфтест, ки бо чунин рамз дарёфт шудааст ва он ҷавонмарди савора ва асп аз он нигораҳое, ки дар осорхонаҳои бостонии Чин ҳастанд, ба куллӣ фарқ мекунад.
Дар сарчашмаҳои таърихии хаттӣ симои шоҳони суғдӣ таҷассум ёфтааст. Дар муқоиса бо онҳо ин муҷассама ба онҳо мувофиқат мекунад. Ин бозёфт аҳамияти фавқулоддаи таърихӣ ва фарҳангӣ барои таърихи халқи тоҷик дорад».
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки «Имрўз мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз бозёфтҳои нодир, ки бори аввал дастраси олимон гардидааст - ин «Шоҳи Суғд» аст. Мо, пеш аз ҳама, ба он аҳамият додем, ки дар сари шоҳ тоҷ аст, яъне ин боз шаҳодати он аст, ки номи тоҷик аз калимаи тоҷ, тоҷдор пайдо шудааст. Зиёда аз ин он мурғи ҳумое, ки дар сари шоҳ аст, баёнгари он аст, ки мардум ва миллати мо ҳамеша мисли мурғи ҳумои афсонавӣ ҳар қадар ки дар тўли таърих ҷафо дидааст, боз ҳам зинда будааст, бол мекушодааст ва ба боло парвоз мекардааст, ки ин нишони абадияти миллати мост.
Муҳимтар аз ҳама, бозёфти ин муҷассама нишони он аст, ки мардуми тоҷик мардуми бумӣ ҳастанд, мардуми кучӣ нестанд ва ин марзу бум марзу буми аҷдодии мост».