Меҳри диёр аз накӯкорӣ афзун шавад!
- Details
- Published on Tuesday, 10 January 2017 14:19
Дар урфият “то мусофир не, мусулмон не” ва ё “дар сахтиҳо обутоб ёфтааст” мегўянд, ки ҳақ асту рост. Раҳматулло ҳам тўли беш аз се сол дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия заҳри мусофирӣ чашид ва ҳамин мушкилотро дар симои ҳамшаҳриёнаш низ эҳсос кард ва ба худ аҳд кард: - Ман вақте андаке маблағ ба даст овардам, албатта, ба Ватан баргашта, аз пайи ободонии диёр, беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии оилаи худ ва ҳамшаҳриёнам хоҳам шуд. Ва дар ҳамин мусофират кор омўхт, аз пастию баландии ҳаёт огоҳ гардид, инсонҳои гуногунандешро дид ва аз неку бади ҷаҳон воқиф гашт.
Инсоне, ки дасту дили пок дорад, албатта, аз чашми ҳамагон пинҳон нахоҳад монд. Ҳамин хислати ҳамидаву Худоди ўро сарвари яке аз марказҳои савдои шаҳри Москва низ мушоҳида намуд ва чанд нуқтаи савдояшро ба ихтиёри ин марди тоҷикистонӣ вогузошт. Роҳбари маркази савдо ўро чун бародари худ хонд ва ҳамаи нозукиҳои касби соҳибкориро омўзонд. Ва ҳамин шуғл самти минбаъдаи риштаи ҳаёташ дар зодгоҳаш гардид ва зиндагии аксари ҳамшаҳриёнашро низ ба куллӣ тағйир дод.
Дурӣ аз Ватан ўро ҳамчунин ба зиндагии бонизоми бо меҳнат тавъам ворид сохт. Бо он маблағе, ки тавассути меҳнати шабонарўзиаш дар мусофират ба даст оварда буд, нахуст дар Ҷамоати деҳоти Калининобод молбозори аз хотирҳо фаромўшгаштаро обод кард. Минбаъд ҳамдеҳагонаш барои хариди чорво на ба маркази ноҳия ва ё дигар деҳа мерафтанд, балки дар зодгоҳи худ мушкилоти хешро ҳал менамуданд. Ба ин васила чанд нафар ҳамдиёронаш ризқи ҳамешагии худ дарёфтанд.
Сабақи андўхтааш дар мусофират ўро ба тозакориҳо, навҷўиҳо водор сохт. Ў ба хотир овард, ки ҳанўз дар айёми кўдакиву наврасиаш бобову бибӣ ва волидайнаш паси дастгоҳи бофандагӣ нишаста, ба бофтани алоча машғул буданд. Ва пас аз дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соҳибкори ҷавон ҳамон шуғли авлодии хешро дар Ҷамоати деҳоти Калининободи ноҳияи Деваштич аз нав эҳё кард.
Минбаъд Раҳматуллои ҷавон, вале аллакай аз баду неки ҷаҳон огоҳ, ҳамсараш Хайринисо Маҳкамоваро низ баҳри касбомўзӣ ба Маркази таълимӣ - истеҳсолии деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳсипор сохт ва ин хонадон боз як ҳунари дигари аҷдодии тоҷиконро аз бар намуд. Дар маркази бозомўзӣ Хайринисо аз ҳунармандони хуҷандӣ касби дигар – атласу адрасбофиро аз бар намуд.
Раҳматулло ба ҷуз аз бар намудани касбҳои зикргардида, инчунин ду нуқтаи маркази савдо низ таъсис дод. Ба кадом хотир? Танҳо ба хотири он ки дар ҳамин нуқтаҳо адрасу алочаи омода сохтаашонро, ки беш аз 15 намуд мебошад, пешкаши ҳамдеҳагонаш намоянд. Дилбохтагони ин матоъҳои рангобаранг дар деҳааш афзуданд. Орзую омоли занону духтаракони меҳнатқарину зебопараст на танҳо бар тани худ дидани чунин матоъҳои чашмрабо, балки ҳисси кунҷкобии онон рўз аз рўз зиёд мегашт, то ин ки худ низ чунин ҳунарро аз бар намоянд. Ин оилаи тифоқ бо фотеҳаи падари хирадманду модари дуогўяшон боз сехи бофандагӣ таъсис доданд.
Аз лутфу карами Пешвои миллат барои рушди сехи бофандагӣ ва омўзонидани дилбохтагони касби аҷдодӣ соҳиби 30 ҳазор сомонӣ Гранти Президентӣ ва панҷ ҳазор сомонӣ Гранти Раиси вилояти Суғд гардид. Раҳматуллои чашмикордон маблағи ба дастовардаашро самаранок истифода бурд.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар бораи занону духтаронро соҳибкасб гардондан, то ин ки ба иқтисодиёти хонаводагиаш кўмаке карда тавонад, инчунин бо мақсади бекор намондани бонувон борҳо таъкид намуда буданд, Раҳматуллои инсонпарвару меҳнатқарин ва дардошно ҳалли ин масъаларо низ дарёфт. Тавре ёдовар гаштем, баҳри ба пуррагӣ аз бар намудани асрори адрасбофӣ дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арўси ин хонадон Хайринисо касби адрасбофиро аз худ намуд. Пасон ба зодгоҳ баргашта, дигаронро низ ба ин ҳунари авлодӣ ҷалб сохт. Тавассути роҳнамоии қиблагоҳиаш ҳамроҳи ҳамсараш Хайринисо дар се гурўҳ, дар ҳар кадоме 22-нафарӣ 66 нафар гулдухтару бонувонро бо касби авлодӣ - адрасбофӣ ошно сохт.
Ў худро хушбахт меҳисобад, зеро аз ҳамин деҳаи дурдаст тавонист, ки дар озмуни вилоятии “Атласу адрас -2015” ширкат варзида, адраси истеҳсолнамудаашро бо номи “Барги сабз” ба ҳакамон муаррифӣ сохта, соҳиби панҷ ҳазор сомонӣ ва Дипломи дараҷаи дуюм гардад ва соли 2016-ум бошад, дар озмуни ноҳиявӣ бо адраси бофтааш - “Адраси тоҷик” мақоми аввал ва дар озмуни вилоятӣ ҷойи сеюмро ишғол намояд. Дар озмуни ноҳиявии “Оилаи беҳтарин” бошад, мақоми аввалро сазовор гардид.
- Ба як мард чил ҳунар кам аст, - мегўянд. Ин оилаи дастгири ҳамешагии пиру барно сехи дўзандагӣ низ ташкил карданд. Модари фариштахўи Раҳматулло - Қаноат Насруллоева аз он масрур буд, ки писараш бо арўси хонадонаш Хайринисо касби хешро тақвият бахшида, дигаронро низ ба он ҷалб намуда истодаанд. Модари маслиҳатгараш аз айёми ҷавонии хеш ҷигарбандонашро тез-тез ёдовар мегашт:
- Солҳои қаблӣ оё чунин фаровонӣ буд? Ман дар ёд дорам, дар паси сандалии бобоӣ ҳамроҳи модарам чанд нафар бонувон менишастанду яке рўймолу дигаре курта, сўзаниву қуроқ медўхтанд ва зери лаб сурудеро зам - зама менамуданд ва ё ҳикояву қиссаеро ёдовар мегаштанд. Ва баъди меҳнати шабонарўзӣ, баъди сўзанзаниҳову бедорхобиҳову нури чашм равонданҳо соҳиби андаке маблағ мегардиданд, ки бо он иқтисодиёти хонаводагиашонро беҳтар сохтан хеле мушкил буд. Ҳоло, шукри Худо, ин қадар фаровонӣ. Аз як нон чандин навъаш, хўрокҳои пурлаззат, меваҳои шаҳдбор дастархони тоҷикро зеб медиҳанд. Биҳишти ин замон ҳамин будагист-дия, – гуфт бо шукргузорӣ холаи Қаноат.
Баъди ин хотироти модар арўси хонадон сехи дўзандагӣ низ таъсис дод ва куртаву пойҷомаву тоқиву сумкаву гарданбанду дигар лавозимоти арўсӣ ва куртаҳои рўзмарраву идонаро омода сохтанд, ки он ҳам харидорони хешро ёфт.
Аз Раҳматулло пурсон шудам:
- Дар ин деҳаи дурдаст чунин мўдҳои гуногунро аз куҷо меёбанд?
Ин ҷавони серғайрат, дар ҳақиқат, аз ҳар дақиқаи умраш самаранок истифода мебурдааст. Тўли се соли мусофират на танҳо бо савдо машғул гардидааст, инчунин аз истифодаи таҷҳизоти замонавии компутер бо сомонаҳои ҷаҳонӣ кор карданро низ омўхта будааст.
- Дўзандагони мо агар имрўз чунин мўдро дўхта пешниҳод намоянд, пагоҳ дигар навъашро, ки тавассути сомонаҳои электронӣ дарёфт намуда будам, хоси миллати тоҷик намуда, омода месозем. Чунин мўд ва дўхтҳои гуногун писанди мизоҷон низ ҳаст. Аз деҳаҳои ҳамсоя ҳам баҳри дарёфти матоъ ва ё дўхти тозае меоянд.
Ҳоло дар ин хонадон 20 набераи холаи Қаноат ва панҷ нафар ҷигарбандонаш ҳамаи он касбҳои аҷдодиро аз бар намудаанд.
Воқеан, Раҳматуллоро метавон эҷодкор номид, зеро ў ният дорад, сехи қаннодие, ки фаъолият дорад, васеъ намуда, боз нафарони зиёдеро ба меҳнат ҷалб созад.
Гулбоғи ман аст дашту саҳрои Ватан,
Дунёи ман аст рўи зебои Ватан.
Дар як кунҷи диёри офтобрўяи сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон - деҳаи Қалъаи Дўсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Раҳматулло Нуруллоев ҳамроҳи аъзои оилааш: падар – Ғайбулло Нуруллоев, модар – Қаноат Нуруллоева, ҳамсараш Хайринисо Маҳкамова ва ҳафт нафар фарзандаш ширкати ҶДММ “Раҳматулло” таъсис дода, вазъи зиндагии 18 нафар ҳамдеҳаашро беҳтар намуда, боз ният дорад, дар оянда номгўи истеҳсоли коргоҳашро афзун гардонад.
Шиори зодаи деҳаи Қалъаи Дўсти Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Раҳматулло Нуруллоев дар зиндагӣ порае аз абёти шоири зиндаёд Лоиқ аст, ки гуфтааст:
То ман зи ту, эй чархи фалак, ком нагирам,
Аз сўхтану сохтан ором нагирам.
Бас бо дили равшан бифурўзам дили шабҳо,
То домони субҳе зи паи шом нагирам.
Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”