Муаррифии шоирони ҷавон

Нишасти 147-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” санаи 17 – уми январи соли равон дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят бо иштироки адибон, қаламкашони ҷавон ва мухлисони шеъру адаб баргузор гардид.

Доир ба мўҳтавои “Паёми Пешвои миллат – ҳамчун равшангари имрӯзу фардои кишвар устоди ДДҲБСТ Саидумрон Саидов маърўза намуда доир ба муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маънавиёти мардум ва баланд бардоштани мақоми ҷавонон ва бонувон дар ҷомеа изҳори ақида намуд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мунзифа Ёрмирзоева китобҳои илмиву адабии давоми як моҳ нашргардидаро муаррифӣ намуд. Аксарияти китобҳо бори аввал аст, ки бо забони тоҷикӣ рўи чоп омадаанд. Ин китобҳо аз забони арабӣ тарҷума шуда, барои омўзиш ва таҳқиқ самараи хубе хоҳанд дод, зикр намуд М. Ёрмирзоева.

Қаламкашони ҷавон Таҳмина Раҳмиддинзода, Робиаи Хуҷандӣ, Салоҳиддин Раҳматов аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат намуданд. Зикр гардид, ки чун имсол аз ҷониби Сарвари кишвар соли ҷавонон эълон гардид, минбаъд дар ҳар маҳфил қаламкашони ҷавон низ баҳри дўстдорони илму адаб муаррифӣ карда мешавад.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод дар мавзўи “Маҳфилҳои адабӣ ва парвариши завқи суханшиносӣ дар таърихи адабиёти тоҷик” баромад намуда, мафҳилҳои шоирон ва адибони бузурги замони гузаштаро ёдовар гардид.

Садри маҳфил С. Саидов қайд кард, ки соли равон баргузории нишастҳои маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он дар назар дошта шудааст. Дар поёни маҳфил ба иштирокдорони фаъол тўҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Истамчони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh