Соҳибкорон иншоотҳои сайёҳӣ месозанд
- Details
- Published on Thursday, 19 January 2017 10:45
ҶДММ КМ «Зарафшон» дар мавзеи Дуобаи Шингу Моғиён нерўгоҳи барқи обии хурд бунёд менамояд. Дар ин хусус Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод. Гуфта шуд, ки нерўгоҳ корхонаи мазкурро бо барқ таъмин хоҳад кард. Ҳамзамон, бо маблағи корхонаи номбурда дар соли 2017 сохтмони мактаби инноватсионӣ дар Ҷамоати деҳоти Саразм ва кўдакистон дар назди МТМУ№3 дар назар аст. Дар назди кинотеатри тобистонаи шаҳр Маркази иттилоотиву фарҳангии ҷавонон барои 300 ҷои нишаст бунёд карда мешавад. Айни ҳол лоиҳаи сохтмон омода шудааст.
Луқмон Қурбон - сармуҳаррири рўзномаи шаҳрии «Зарафшон» дастовардҳоро дар рушди иқтисодиёт, бахусус дар соҳаи сохтмон ва кишоварзӣ дар заминаи истифодаи босамар ва муваффақонаи замину об, хеле ободу зебо шудани шаҳри Панҷакент дар ду - се соли охир ва дигар амалҳои ободкориву созандагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро назаррасу муҳим арзёбӣ карда, таваҷҷўҳи раиси шаҳрро ба масъалаи рушди соҳаи туризм ҷалб намуда гуфт, ки дар даврони шўравӣ Панҷакент яке аз марказҳои калонтарини сайёҳии байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамасола ҳазорҳо нафар хориҷиён зиёрати шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва шаҳри бостонии Панҷакент менамуданд. Вале пас аз баста шудани гузаргоҳи гумрукии Панҷакент - Ҷартеппа вуруди онҳо дар ин нуқта қатъ гардид. Барқарор намудани равуои нақлиёт ва убури шаҳрвандон аз ин гузаргоҳ орзуи деринаи сокинони Тоҷикистону Ўзбекистон аст. Аз нав фаъол намудани гузаргоҳи сарҳадӣ, сода кардани равуои шаҳрвандон, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ ва ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавре Пешвои муаззами кишвар дар Паёмашон қайд карданд, роҳҳои асосии тавсеа бахшидан ба соҳаи сайёҳӣ буда, на танҳо сарчашмаи даромад мегардад, балки ба устувору босамар шудани риштаҳои дўстию бародарии халқҳои тоҷику ўзбек, густариши тиҷорат, дар маҷмўъ рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг такони бузург мебахшад. Дар робита ба ин мақоми баланди шаҳри сайёҳии байналмилалии Панҷакенти бостониро эҳё бояд кард.
Ислом Зиёзода гуфт, ки солҳои охир ҷиҳати рушди соҳа дар Панҷакент тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Таҷдиди роҳи Айнӣ – Панҷакент барои ташрифи сайёҳон шароити мусоид фароҳам овардааст. Вале ҳанўз дар меҳмонхонаҳои шаҳр хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар мавзеъҳои хушманзари кўҳӣ, ки теъдоди бештари сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд, бояд ошхонаву меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд карда шаванд. ҳоло якчанд соҳибкорон барои бунёди иншооти сайёҳӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд.
Раиси шаҳр пешниҳодоти рўзноманигоронро дар бораи бунёд намудани бинои ҳозиразамон барои литсейи тиббии шаҳр, коргоҳҳои хурди саноатӣ ва ҳунармандӣ, ба итмом расонидани сохтмони иншоотҳои нотамомро дар шаҳраки Суғдиён хеле муҳим донист ва изҳор дошт, ки иншооти зикршуда дар ҳамкории қавии мақомоти иҷроияи шаҳр бо мақомоти болоӣ, ҶДММ КМ «Зарафшон» ва соҳибкорон сохта хоҳанд шуд.
Рўзноманигорон ба масъалаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2016 ва нақшаҳо барои соли 2017, корҳои ободониву созандагӣ, рушди варзиш ва футбол, марказҳо барои бунёди асбобҳои мусиқӣ, пешгирии худкушии шаҳрвандон, рушди моҳипарварӣ ва сабабҳои аз кор мондани коргоҳи коркарди маъдани Рукнобод таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.
Ислом Зиёзода ба саволҳои намояндагони ВАО муфассал посух гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент минбаъд барои баланд бардоштани некўаҳволии сокинон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳамаи воситаю имкониятҳо истифода мекунад.
Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»