Талош баҳри беҳбудиҳо

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Раёсати фарҳанг, мудирони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, директорони китобхонаҳо, театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳанг баргузор гардид.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2016 маърӯза кард ва аз бурду бохти соҳа сухан гуфт.

3 нафар фаъоли соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушду нумӯи фарҳанги вилоят бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадр гардиданд.

Директори Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанг О.ЮсуФов дар бораи баргузории Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сухан намуда, қайд кард, ки бахшида ба Соли ҷавонон як зумра озмунҳои вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бо мақсади рушду инкишофи санъат ва дарёфти истеъдодҳои нав дар байни ҷавонону наврасон, бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ, рушду инкишофи санъати рақси миллӣ,  озмунҳои вилоятии «Ансамблҳои рақсии кӯдакона» ва «Шашмақомхонони наврасу ҷавон» дар ду давр баргузор мегардад. Озмунҳо дар арафаи иди Наврӯзи байналмилал ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мешаванд.

Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ Баҳром Мирсаидов оид ба Паёми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва сиёсати дурбинонаи дохиливу хориҷӣ сухан гуфт.

Доир ба нишондиҳандаҳои асосии муассисаҳои фарҳангӣ мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанг М.Қурбонова мушаххас баромад кард.

Мудири бахши фарҳанги шаҳри Гулистон Фатҳулло Абдуллоев оид ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳри Гулистон, аз ҷумла, сохтмони мактаби санъат дар шаҳр маълумот дод.

 Сипас, якчанд нафар ба музокира баромада, фикру андеша баён намуданд.

Гулбаҳор Зокирова, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба сухан баромада, аз ҷумла, кайд кард, ки дар ноҳия бинои 3 масҷиде, ки аз фаъолият бозмонда буданд, ба китобхона табдил дода шуданд, ки ин ташаббус аҳли фарҳанги ноҳияро руҳбаланд намуд. Зеро зиёдшавии миқдори китобхонаҳо ба муҳити фарҳангии ноҳия таъсири мусбат мерасонад.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанг бо масъалагузориҳо оид ба баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои навбунёди шаҳру ноҳияҳо, манъ намудани истифодаи фонограмма, омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ, аз ҷумла таҷлили Наврӯз-2017, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва корбарӣ оид ба сохтмон ва ифтитоҳи бинои мактаби санъати шаҳри Гулистон, корбарӣ оид ба ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳристон анҷом пазируфт.   

Add comment


Security code
Refresh