Осорхона макони муқаддас ва муаррифгари осори ниёгон

Муаррифии ин осори бебаҳо ба дўши кормандони осорхонаҳо буда, тарбияи насли худогоҳу ватандўст ба дониш ва малакаи эшон вобаста аст. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар назди маъмурияти Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент меистад, баланд бардоштани савия ва малакаву дониши кормандони осорхона маҳсуб меёбад.

Бо ин мақсад, тибқи муқаррароти тахассуси фаъолияти оммавӣ, таълимӣ, тарбиявии осорхона як гурўҳ кормандон ҷиҳати шиносоӣ ва таҷрибаомўзӣ аз Осорхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

 «Моро дар Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров профессор ҳабибулло ҳолҷўраев пазироӣ намуда, сайри илмӣ гузарониданд, ки барои мо кормандони ҷавони осорхона хеле муфид буд.

Лоиҳаи аввалини бунёди Осорхона соли 1986 бо ташаббуси Комитети ҳизби коммунисти ноҳияи Ленинобод ба миён омада буд. Баъди ҷамъоварӣ ва таҳияи намоишҳо таҳти сарварии А.Азимов, Г.Мўсобеков ва ҳ. Холҷўраев осорхонаи ба номи Бобоҷон Ғафуров соли 1989 ба фаъолият оғоз намуд.

Бо дасгирии Пешвои Миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, осорхона соли 1996 аз нав таъмиру тармим гардид. Таъсиси ин осорхонаи бонуфуз барои омўзиши шахсияти бузурги таърихӣ академик Бобоҷон Ғафуров аҳамияти хосса дорад.

Боиси ифтихор аст, ки гўшаву намоишҳо оид ба хизматҳои илмии донишманди бузург, фарзанди барўманди халқ, қаҳрамони халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров хеле хуб таҳия шудааст.

Чи хеле ки шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 баъди зиёрати қабри Бобоҷон Ғафуров гуфта буд; «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ўро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар шарқ, хуб мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухорро»-и Абўбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк барои наслҳои оянда хизмат мерасонад.

Тамошои осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанд низ як дарси бузурги таҷриба омўзӣ буд. Корманди ҷавони осорхона Таҳмина Бойматова бо маҳорати баланди роҳбаладӣ сайри илмӣ гузаронид. Ин осорхона низ муаррифгари таърихи кўҳан буда, соли 1986 ба фаъолият оғоз намудааст.

Байни кормандони осорхонаҳо мубодилаи афкори корӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба тарзи гузаронидани сайри илмӣ, таҳлили намоиши осорхонавӣ, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти шўрои илмӣ дар осорхона мавриди баҳси илмӣ қарор гирифтанд.

«Ҳамкории мо бо кормандони осорхонаҳо хеле шавқовару хотирмон буд ва маҳз он барои мо, кормандони ҷавон баҳри ташаккули таҷриба, малака ва дониши осорхонавӣ кўмак расонид. Ман аз тамошои осорхонаҳои Бобоҷон Ғафуров   ва шаҳри Хуҷанд як ҷаҳон таасурот ва таҷриба бардоштам»,- мегўяд корманди ҷавони осорхонаи ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Шодона Турсунова.

Ҳамин тавр, сайри илмӣ дар осорхонаҳои вилояти Суғд ва осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров барои кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии шаҳри Панҷакент хеле хотирмону муфид буд.

Гулрухсор ХОЛБОЕВА,
Фарангиси АЛИШЕР,
кормандони осорхонаи ба номи
Абуабдуллоҳи Рўдакӣ

Add comment


Security code
Refresh