Рушди фарҳанг рушди ҷомеа аст

Дар вилоят на ҳамаи китобхонаҳо фаъолият дошта, мутаассифона, китобдорони соҳибтахассус намерасанд. Алҳол театрҳои вилоят ба мутахассисони ҷавон, ба виҷа коргардонҳои касбӣ ниёз доранд. Ин ва дигар бурду бохти соҳаи фарҳанги вилояти Суғд зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нишастро сардори раёсат Ориф Набиев ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2016 маълумот дод.

Қайд кард, ки Раёсати фарҳанги вилояти Суғд соли 2016-умро бо дастовардҳои наҷиб ҷамъбаст намуда, давоми сол баҳри рушди соҳа талошҳои судманд анҷом дод.

Баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ дар саросари вилоят, аз ҷумла шукўҳи «Корвони наврўзӣ» аз натиҷаи пурсамари кори аҳли фарҳанги вилоят унвон шуд.

Ориф Набиев роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои фарҳангии вилоят ҳарф зада, ёдовар шуд, ки сол то сол низоми фаъолият дар тамоми бахшҳои фарҳанг рў ба беҳбудӣ мениҳад. Ҳамзамон, дар ин радиф таъмири муассисаҳои фарҳангӣ низ ҷараён гирифта, беҳдошти биноҳои фарҳангӣ дар соли 2017 низ дар назар аст. Сардори раёсат аз фаъолияти китобхонаҳои вилоят ҳарф зад. Гуфта шуд, ки, мутаассифона, дар вилоят кадрҳои соҳибтахассуси ин бахши фарҳанг қариб ки мавҷуд нестанд. Бойгонии китобхонаҳо низ беҳбудӣ мехоҳад ва аксар биноҳои китобхона ба таъмир ниёз доранд. Нарасидани кадрҳои ҷавон, аз ҷумла коргардонҳои баландихтисос низ боиси нигаронӣ арзёбӣ шуд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ рўзноманигорон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами соҳа суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла масъулин ба масъалаҳои истифодаи фонограммаҳо дар намоишномаҳои театрӣ, фаъолияти шўрои бадеӣ, рафти омодагиҳо ба ҷашнҳои Наврўз, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, таъмини муассисаҳои фарҳангӣ бо мутахассисони соҳибкасб рўшанӣ андохтанд.

 Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh