Симои сарзамин аз нигоҳи ҳунарманд

Бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ва намунаи ҳунарҳои ҳунармандони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистони ман» баргузор гардид. 

Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»  Иброҳимҷон Иброҳимов ифтитоҳ бахшид. Намояндагони аз Раёсати фарҳанги вилоят,  бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, факултаи санъати ДДХ ба номи Б.Ғафуров, факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, устодону донишҷӯён  андешаи худро оид ба мӯҳтавои асарҳо иброз доштанд. 

Дар ин чорабинӣ 63 нафар  бо асарҳои санъати худ иштирок намуданд, ки аз онҳо 40 нафар мусаввир, 8 нафар ҳайкалтарош, 13 нафар кашидадӯз, 1 нафар наққош ва 1 нафар кошинкор буданд.  112 адад асар ба намоиш гузошта шуд, ки аз онҳо 50 адад мусаввара, 8 адад ҳайкал, 50 адад кашидадӯзӣ, 2 адад наққошӣ ва 2 адад кошинкориро дар бар мегирифт. 

Ба маърази тамошо мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои миллии дар даврони Истиқлолият эҷодкардаи рассомони вилоят бахшида ба Ваҳдати миллӣ А.Ҷабборов, К.Мӯъминов, М.Муллоҷонов, А.Абдураҳмонов, С.Саидоқилзода, Н.Мӯъминов, ҳайкалтарош Д.Раҳматов ва ҳунармандон Қ.Бобоева, М.Оқилова ва Г.Умарова ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин, амали рассомони ҷавон ба монанди З.Юнусов, Н.Мӯъминов, Д.Усмонов, А.Абдураҳмон ва М.Турсунова ба маърази тамошо гузошта шуд.

Далер Усмонов, рассоми ҷавон иброз дошт, ки расми тасвирнамудааш  дар мавзӯи Тоҷикистони ман буда, манзараҳои зебои Тоҷикистонро тасвир намудааст ва дар чанд фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ иштирок кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки 3-юмин маротиба аст, ки дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳамкории Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ба вуқӯъ мепайвандад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh