Ҷашни ниёгон дар Деваштич

Дар ноҳияи Деваштич мардуми меҳнатқарин дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ талош варзида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ меҳнати пурмаҳсулона намуданд ва соли 2016-ро ки вусъатёбии раванди худшиносии миллӣ, соли рушди корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ буд, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда, иқдмоҳои роҳбарияти давлатро дар ин самт идома дода истодаанд.

Кишвари сарсабзу соҳибтамаддуни тоҷик, ки таърихи куҳан дорад, дар баргузории расму оинҳо, суннатҳову маросимҳо ва анъанаҳои мардумӣ аз қабили ҷашнҳои Сада, Наврўз ва Меҳргон мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Аз ин ҷост, ки сокинони бофарҳанги ноҳия, таҳти ғамхориҳои Сарвари давлат пайваста кўшиш намуда, расму оинҳои миллии аҷдодии худро, ки моҳияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографӣ дорад, ба таври ҳамешагӣ зинда нигоҳ дошта, имрўз низ бо баргузории чорабинӣ бахшида ба Рўзи Сада расму оин ва руҳияи миллии халқамонро тарғиб намуданд.

Иди Сада яке аз ҷашнҳои ориёи қадим маҳсуб ёфта, рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост.

Бахшида ба ин ҷашни таърихии ниёгон дар маркази ноҳия чорабинии фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти адрасу атлас ва либосҳои миллии анъанавӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ бо иштирок ва суханронии бевоситаи Раиси ноҳия Рустам Ҷўразода баргузор гардид. Собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолону сокинони ноҳия ва кулли ширкаткунандагон аз баргузории чунин чорабинӣ изҳорӣ хурсандӣ намуда, дар хотимаи он қайд намуданд, ки соли ҷорӣ ва минбаъдаро низ дар атрофи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо корҳои ободонию созандагӣ сиёсати хирадмандонаи Роҳбари мамлакатро ҳамаҷонида дастгирӣ ва тақвият мебахшанд.

Сарвар САИДОВ,
роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh