Ҷилои атласи “нафосат”
- Details
- Published on Tuesday, 07 February 2017 08:50
Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ин таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони кишвар мебошад. Бо дарназардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ дар Паёми навбатии Президенти мамлакат зикр гардид, ки «Бо ин мақсад бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонем ва ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар эътибори бештар дода, касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагиро инкишоф медиҳем ва аз шаклҳои мавсимии шуғл самаранок истифода мебарем.»
Дар ҳамин замина, барои бо шуғл ва касбу ҳунар ҳарчи бештар фаро гирифтани бонувон Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бисёр тадбирҳоро амалӣ кардааст. Аз ҷумла, дар ҳамаи шаш ҷамоати деҳоти ноҳия-ҷамоатҳои деҳоти Сомониён, Ғўлакандоз, Гулхона, Ҳаёти нав, Деҳмой, Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, Марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ, сўзанидўзӣ, кошинкорӣ, дўзандагӣ, қолинбофӣ, қуроқдўзӣ таъсис дода шуда, дар онҳо дар 28 адад дастгоҳ занону духтарон бо ҳунаромўзӣ фаро гирифта шудаанд.Соли 2016-ум ҳунарманд Гулафшон Солеҳова дар Фестивали вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» иштирок намуда, соҳиби ҷойи намунавӣ ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ гардид.
Сокини деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Сомониён Сабоҳат Ҷумъаева ҳанўз баробари ба тасвиб расидани Қарори Раиси вилоят дар бораи эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ Маркази ҳунаромўзӣ таъсис дода, соли 2014 соҳиби гранти Раиси вилоят ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ гашта буд ва то кунун дар самти қолинбофии миллӣ 47 нафар шогирд тайёр кард, ки аз онҳо 40 нафарашон соҳиби шаҳодатнома шудаанд. Алҳол сехи онҳо дар Маркази таълимии калонсолони ноҳия фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Сабоҳат бо эъҷози дастони пурҳунари худ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки паҳлўи модари бузургворашон нишастаанд, дар қолин ба тасвир дода ва ба маърази тамошо гузоштааст, ки аҷаб дилрабост. Ҳоло ин бонуи ҳунарманд баҳри ба қолинҳо нақш гардондани симои қаҳрамонони миллат азм дорад.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки бонувони деҳаи Ўзбекқишлоқи Ҷамоати деҳоти Сомониён дар ҳунари атласу адрасбофӣ ҳамто надоранд. Дар Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Нафосат» бо сарварии бонуи гулдаст Нодира Ҳайдарова даҳҳо занони хонашин ва духтарону муҳассилини макотиб ба омўзиши ҳунари бофандагӣ ҷалб карда шуданд, ки аз онҳо 42 нафарашон соҳиби шаҳодатнома гаштанд. Феълан ҳунаромўзӣ дар макотиб, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти иловагӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки тавассути ин даҳҳо бонувон, ҷавонзанону духтарон касбу ҳунар меомўзанд ва ба ин васила дар пайроҳаи зиндагӣ раҳгум намезананд, балки бо меҳнати хеш соҳиби ҷойи кор мегарданд, дастмузд меёбанд ва дар пеш бурдани рўзгор баробари шавҳаронашон бори зиндагиро мекашанд.
Бояд гуфт, дар ноҳия, ки асосан кишоварзӣ аст, бонувон аксаран бо кори соҳаи кишоварзӣ машғуланд, алҳол даҳҳо занон, ҳатто, сарварони хоҷагии деҳқонианд. Яке аз ин бонувони кишоварз Донохон Амонқуловаро на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят ҳамчун пахтакори асил, донандаи забони обу хок, сабзавотпарвар мешиносанд.
Дар робита дар Соли ҷавонон ҳамчунин, ба шарафи ҷашнҳои табарруки имсола Бахши кор бо занон ва оила ният дорад, ҳарчи бештар ҷавонон дар самтҳои мухталиф ба кор ҷалб гарданд, дар ҷодаи истеҳсолот, ҳунаромўзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда шаванд.
Марҳамат КАРИМОВА,
сардори Бахши кор бо занон ва оилаи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Ҷаббор Расулов