Имкони ҳунаромўзӣ зиёд шуд

-Таваҷҷўҳи хоса аз ҷониби Раиси вилоят, дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд занону духтарони беш аз 1 миллионнафараи суғдзаминро шод гардонд. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ таъсиси 159 маркази таълимӣ-истеҳсолии матоъбофӣ ва насби 490 дастгоҳи атласу адрасбофӣ имкон дод, ки 248 ҳунарманд бо шуғл фаро гирифта шуда, 1196 шогирд ба ҳунаромўзӣ ҷалб карда шавад.

Дар Маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 500 нафар, вилояти Хатлон наздик 130 нафар, ноҳияи Рашт 12 нафар, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 2 нафар, шаҳри Душанбе 18 нафар шогирд нозукиҳои касби адрасу атласбофиро омўхтанд,- изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ мудири шўъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода.

Ҳамчунин, Муқаддам Ҳошимзода-сардори шўъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят дар бораи фаъолияти шўъба дар давоми соли 2016 маълумот дода, ба суолҳои рўзноманигорон ҷавобҳои мушаххас гуфт.

Иҷрокунандаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мадина Ҳомидова дар бораи фаъолияти соҳа сухан ронда, дар мавриди тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, гузаронидани чорабиниҳо баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби иртиҷоӣ дар байни ҷавонону наврасон, сохта ба истифода додани иншоотҳои варзишӣ, самти туризм, иштироки варзишгарон дар чемпионат, мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ аз рўи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ ҳарф зад.

Дар фарҷом масъулини соҳа бобати суолҳои рўзноманигорон дар масъалаҳои гуногун посухҳои мушаххас гуфтанд.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh