Бо нигоҳи нав дар «Нигоҳи нав»

Санаи 2-юми феврали соли равон дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ семинари омўзишӣ барои коргардонҳои ҷавон таҳти унвони «Нигоҳи нав» оғоз гашт, ки то санаи 15-уми феврал идома меёбад.

Семинар бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи нав» баргузор гашта, ба иштирокдорон, ки ҳунармандони ҷавони театрҳои ҷумҳурӣ мебошанд, коргардони қирғиз Нурлан Абдикадиров дарси маҳорат мегузарад.

Шоҳҷамшед Умарӣ - директори Ташкилоти ҷамъиятии «Нигоҳи нав» ҳадафи аслии баргузории семинари омўзиширо сайқали маҳорати ҳунармандони ҷавони театрҳои мухталифи ҷумҳурӣ арзёбӣ мекунад. Ў қайд кард, ки аслан иштирокдорони семинар дар театрҳо ба ҳайси актёр фаъолият доранд, аммо аз он сабаб ки аксари онҳо ба коргардонӣ завқ доранд, баҳри баланд бардоштани дониши назарияву амалӣ ҷалб карда шудаанд. Ҷавонони боистеъдоди ҷумҳурӣ ба бозомўзӣ бо намоишномаҳои тайёр омада, дар рафти омўзиш ҳар кадом намоишномаи хешро аз нигоҳи ҳирфаӣ мукаммал хоҳанд кард. Ин тарзи омўзиши босамар ба рушди назария ва амалияи касби коргардонӣ кўмак мекунад. Шоҳҷамшед Умарӣ гуфт, ки ҷавонон баъд аз хатми курси омўзишии мазкур дар театрҳои хеш намоишномаҳои омоданамудаашонро пешкаши тамошобинон хоҳанд кард. Аз ин намоишномаҳои омодашуда беҳтаринашон дар ҷашнвораи байналимилалии «Нигоҳи нав», ки моҳи майи соли 2017 баргузор мешавад, ба намоиш гузошта мешавад.

Зимнан бояд қайд кард, ки ҷашнвораи мазкур шаш сол инҷониб соле як маротиба дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Коргардони саршиноси қирғиз Нурлан Абдикадиров ташкил ва баргузор намудани чунин марҳалаҳои омўзиширо ба манфиати кор унвон кард. Ў зикр дошт, ки ҷавонон дар баробари сайқали донишу маҳорат дар чунин семинарҳо аз донишу малакаи ҳамдигар огоҳ мешаванд ва баҳрабардорӣ мекунанд. Ивази таҷрибаҳо дар ин самт беҳтарин омўзиш мебошад.

- Дар замина аз таҷрибаҳои касбии хеш, ки дар дарозои фаъолияти корӣ аз бар кардам, аз малакаҳои бадастовардаам фаровон истифода карда, ба ҷавонони тоҷик нозукиҳои ин касбро меомўзам,-таъкид мекунад Нурлан Абдикадиров.

Тоҳири Назар ба ҳайси рассом дар семинари омўзишии «Нигоҳи нав» иштирок мекунад. Аз баргузории чунин марҳалаҳои омўзиш хушҳол аст.

-Ман ба сифати рассом бояд ба ҳар намоишномаи овардаи иштирокчиён саҳнаро ороиш диҳам. Ҷустуҷў дар самти ороиши саҳна касро ба андеша мебарад, ин ҷустуҷўҳо моро нигоҳи нав ва тахайюли тоза медиҳад, дониши моро саҳеҳтар месозад ва ман аз ин хушҳолам, - қайд мекунад ў.

Темур Султонов - ҳунарманди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз иштирок дар «Нигоҳи нав» хурсанд аст. - Нозукиҳои касби коргардониро омўхтан аз нафаре, ки бисёр таҷрибаи корӣ дорад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шуда, диди нав, тасаввури нав дорад, хеле рағбатангез аст, - мегўяд Темур Султонов. - Дар баробари омўзиш мо бо ҷавонони ҳунарманди манотиқи кишвар аз наздик ошно мешавем, роҷеъ ба ин ё он масъала табодули назар менамоем. Аз пешрафти ҳамдигар бохабар гашта, барои рушдамон ҳам мусоидат мекунем, ин муҳимтарин омили муваффақияти ҷавонони кишвар буда метавонад, - мегўяд мавсуф.

Фаридун Раҷабов, коргардони Театри Данғара низ аз иштирок дар чунин семинари омўзишии «Нигоҳи нав» сарфароз асту дарсҳои Нурлан Абдикадировро дар самти коргардонии муосир арзанда меҳисобад.

-Мо бояд ба тамошобини замони имрўз намоишномаҳои баландро пешниҳод кунем. Завқи тамошобинонро бояд баланд ва нигоҳҳои навро роиҷ созем,- андеша дорад ў.

Ҳамин тавр 12 нафар ҷавони боистеъдоди кишвар давоми 15 рўз аз нозукиҳои коргардонӣ огоҳ шуда, бо намоишномаҳои ҷолибу диданӣ ба театрҳои хеш бармегарданд. Онҳо дар Соли ҷавонони кишвар дониши андўхтаи хешро ба пешбурди театри тоҷик равона хоҳанд кард.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh