Мероси пурғановати тоҷикон

ГИЛЕМБОФӢ аз намуди қадимтарини ҳунарҳои мардуми тоҷик мебошад. Дар байни мардуми тоҷик он имрӯз ҳам хеле маъруф аст. Натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём ба ин ҳунар рағбати зиёд доштааст.

Гилем маснуоти бофандагии бадеӣ мебошад, ки одатан нақшу нигори гуногунранг дорад. Онро бештар барои гарм кардан, оро додан ва фурӯ нишондани садо ба фарши хона меандозанд ё ба девор меовезанд. Гилемро бисёрқабата, якқабата, патдор ва бепат мебофанд. Гилеми патдорро қолин мегӯянд. Қолин матои бисёрқабатаест, ки ба торҳои асос дастаҳои алоҳидаи ришта ба якдигар зич (гиреҳҳои патдор) баста шудаанд; нӯги ришта (дастаҳо)-ро аз тарафи рости қолин як хел карда мебуранд, ки дар натиҷа пати зичи махмалин ҳосил мешавад ва асосу пудро мепӯшонад. Баландии пут аз 3 мм то 18 мм мешавад. Пат қолинро ғафс намуда, онро бадошт ва мулоим мекунад. Қимати қолин аз хел, сифат (бофта, дӯхта, гулдор), масолеҳ (пашмӣ, патдор, пахтагин), рангу бор, андоза ва нақшу нигори он вобаста аст. 

Инчунин, қолинҳои паташон нобурида (ҳал-қагӣ)-и муштарак (паташон бурида ва нобурида) истеҳсол карда мешавад.

 Гилеми бепат (палос, гилемҳои қоқма ва ғайра) матои якқабатаи дутарафа буда, аз асос ва пуд иборат аст. Ғайр аз гилемҳои бофта, намудҳои ҷулоҳӣ, нобофта (паташ дӯхта, сӯзанзада, ширешӣ), намадӣ, мӯинагии дорои нақшҳои аппликатсионӣ, гулдӯзӣ ва дастибофти он (бӯрёи гулдор аз матои ранга) мавҷуданд. Қаблан ҳамаи корҳои омодагӣ ва ҷараёни гилембофӣ ба таври дастӣ ба анҷом расонида мешуд. Гилемро аз риштаҳои пахтагин ва пашмин мебофтанд. Айни замон гилемҳо вобаста ба усули тайёркунӣ дастӣ ва мошинӣ мешаванд.

 Гилемҳои дастибофтро дар дастгоҳҳои бофандагӣ истеҳсол мекунанд. Онҳо хеле бадошт буда, дар шароити мусоид зиёда аз даҳҳо ва ҳатто, садҳо сол хизмат мекунанд. Масолеҳи гилемҳои дастибофт риштаҳои пашмин (пашми гӯсфанд, буз, уштур), пахтагин, абрешимин, зағирпоя ва канабанд мебошанд.

 Дар ибтидо пашм ва ё пахтаро тоза ва мулоим карда, аз он ришта тайёр мекунанд. Сипас, риштаҳоро калоба карда, вобаста ба эҳтиёҷот рангҳои гуногун мезананд. Пас аз он риштаро ба дӯкони гилембофӣ чун асос печонида, ришта ё калобаи дигарро ба сифати пуд кор фармуда, порчаҳои алоҳидаи гилемро вобаста ба маҳорати ҳунармандӣ бо истифода аз нақшу нигори гуногун мебофанд. Порчаҳои дар дӯкон бофташударо гирифта, онҳоро то ҳаҷми зарурӣ ба ҳам мепайванданд ва гилеми дилхоҳро ҳосил мекунанд. Гилембофии дастӣ ҳунари бадеии халқӣ мебошад.

 Намуди гилемҳо (ранг, нақш) низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Гилемҳо вобаста ба анъанаҳои хос ва маҳал тайёр карда мешаванд. Ба гилемҳо вобаста ба маҳалли истеҳсол ва ё аз номи қавму авлоди истеҳсолкунанда номгузорӣ мешаванд. Гилемҳо бо нақшҳои геометрӣ ва манзараҳои гуногун бо рангубори сурх, кабуд, нилобӣ, гулобӣ, зарди тамокуранг, зарди лимӯӣ, каб-кабуд, сабз фарқ карда меистанд.

Гилемҳои бо риштаҳои пашмин ва абрешимин бофташуда қимати бештар доранд.

 Солиёни охир бинобар истеҳсоли қолинҳои зебои замонавӣ истеҳсоли гилемҳои дастӣ хеле кам шудааст. Гилемҳои дастиро бештар дар манзилҳои деҳотиён дидан мумкин аст.

 Дар гилембофии Бадахшон, хусусан Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб гилеми дастбофи пашмиқутосӣ дорои сифати хеле олӣ аст. Аз он лиҳоз, ки чунин қолинро куя намезанад ва он садҳо сол хизмат мекунад. Айни замон, гилембофии дастӣ дар қисмати шимоли Тоҷикистон бештар фаъол буда, занони вилояти Суғд, хусусан ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гилемҳои хурду калони дастии пашмиро бо маҳорати хосаи бадеӣ дар манзилҳои худ мебофанд.

Барои аз байн нарафтани ин ҳунари аҷдодӣ дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Варзоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг низ марказҳои таълимию истеҳсолӣ таъсис дода, омӯзиш ва истеҳсоли гилемҳои дастӣ ба роҳ монда шудааст.

Таҳияи
Марҳабо МУРОДОВА

Add comment


Security code
Refresh