“Ганҷи сухан” дар донишгоҳ

Нишасти 148-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бо иштироки бештар аз 200 нафар мухлисони каломи бадеъ аз ҷумла адибону олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён, дар толори раёсати  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор  гардид.

Маҳфил перомуни таърих, адабиёт ва фарҳанг ба як нишасти дорои арзиши баланди илмиву адабӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Масъули маҳфил Саидумрон Саидзода иброз дошт, ки дар партави дастуру супоришоти Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфил рисолати рушд додани фазои илмиву адабӣ ва фарҳангии кишварро  беш аз пеш тақвият мебахшад. Маърӯзаи Анвар Мақсудӣ, ректори Донишгоҳи давлаии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти мавзӯи “Паёми Пешвои миллат: Ҷавонон ва маънавияти ҷомеа”самъи ҳозирин расонида шуд.

Мавсуф оид ба мақоми ҷавонони имрӯза дар ҷомеа ва роҳҳои рушди фаъолияти онҳо дар ҷодаи илм изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз ҷониби Сарвари давлат моро водор месозад, ки афкору андешаи пешқадам, пешниҳоду дархости ҷавононро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳем ва шароиту имконият фароҳам оварем, ки  ҷавонони мо тавонанд нерӯ ва истеъдоди фитрии худро ба таври шоиста истифода баранд.

Оид ба навгониҳои илмиву адабӣ  ва  фарҳангӣДилором Ваҳҳобзода, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баромад карда ҳозиринро бо 20 номгӯ асари наву тозаи адибону олимони кишвар шинос кард. Махсусан мӯҳтавои маҷаллаҳои “Садои шарқ” ва  “Паёми Суғд”- ро таҳлил намуда, ҳозиринро барои мутолиаи он тарғиб кард.

Бахшида ба 1250-солагии ҳаким Тирмизӣ, Умеда Ғаффорова, доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуровдар мавзуи “Зиндагинома ва осори ҳаким Тирмизӣ” маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ намуд. Ӯ дар баробари ҳозиринро бо ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти маъруфи илму адабии асри 13 ошно кардан зикр кард, ки силсилаи осори ин ҳаким аз ҷониби олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳия ва чоп гардид.

Дар бахши “Ёди инсони нексиришт” дар мавзӯи “Устод Сайдулло Абдуллоев – олими пуркор ва сарвари ғамхор”Неъматҷон Файзуллоев, доктори илмҳои филология, профессори донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров маърӯза намуда аз фаъолияти пурбаракати собиқ ректори Донишгоҳи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, олим ва муаррихи номвар, доктори илмҳои таърих, профессор олим ба ҳозирин нақл кард. Воқеан Сайдулло Абдуллоев дар пешрафти илми тоҷик бо китобҳои худ “Исмоили Сомонӣ”, “Амирони Сомонӣ”, “Фарҳанги Сомониён” нақши бориз гузоштааст. Дар идома оид ба шахсияти нотакрори собиқ  ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров, профессор Саидмурод Ҳоҷиев бо нақли воқеаҳои ибратбахш баромад кард. 

Боиси зикр аст, ки дар ҳар нишасти маҳфил бахшида ба соли ҷавонон дар бахши “Минбари шеъри ҷавонон” навқаламон чакидаҳои хомаи хешро мехонанд ва дар назди аҳли сухан имтиҳон месупоранд. Ин даъфа шоирони ҷавон  Шодии ҳасан, Эҳсон Раҷаб, Насимбек Қурбонзода, Тахминаи Суғдӣ шеърҳои тозаэҷоди хешро қироат карданд. ҳамзамон донишҷӯёни факултети филология Мадина Зиёева, Шифогул Ҷӯраева ва Фархунда Азимова дар васфи устод ва муаллим шеърҳо хонданд. Сарояндаи хушадо Акрам Абдуллоев бо таронаҳои дилангези худ хотири аҳли нишастро шод кард. Дар охир тӯҳфаҳои Раиси вилояти Суғд, китобҳо дар бораи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ  ба маърӯзачиён тақдим гардид.

Заррина КАРИМОВА,
магистранти Донишгоҳи давлатии
ба номи академик Бобо
ҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh