Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” баргузор мегардад

Бахшида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи байналмилалии оила моҳи майи соли равон дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ” гузаронида мешавад.

Фестивал-озмуни вилоятии “Гулдухтарони суғдӣ”бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, тарзи муошират дар оиладорӣ, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, одоби рӯзғордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ гузаронида мешавад.

Фестивал-озмун дар ду давр аз рӯи 5 шарт гузаронида шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар сатҳи вилоят баргузор мегардад.

Иштирокчиёне, ки дар даври аввал ғолиб омадаанд ба даври дуюм роҳ дода мешаванд. Дар Фестивал бонувони аз 16 то 30 сола метавонанд иштирок намоянд.

Хоҳишмандон барои иштирок намудан дар Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» метавонанд ба шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи худ муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh