Ман писари Ватан

Дар муассисаҳои таълимии томактабии №№1, 2 ва 3-и ноҳияи Деваштич бо ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин байни кӯдакон таҳти унвони «Ман писари Ватанам» баргузор гардид.

Дар озмуни расмкашӣ ҳамаи кӯдакон бо иншо намудани рамзҳои давлатӣ, парчаму нишон, манзараҳои зебову гуногун, расмҳои ба Артиши миллӣ ва амсоли онҳо хос аз нигоҳи кӯдакона тасвир карданд. Кўдакон аз овони хурдсолӣ муҳаббати зиёд нисбат ба Ватан-Модар, муқаддасоти миллӣ пайдо намуда, бо низом нигоҳ доштани меъёри мазкур вазифаи оила, маориф ва ҷомеа мебошад. Мураббияҳо шодиву хурсандии кӯдакону наврасонро дида, беихтиёр шукри музаффариятҳои даврони Истиқлолият, сулҳу суботи комил, шукри хушбахтии кӯдаконро мекунанд.

Лоиқ ТЎЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh