Бо муҳаббату вафо ва савту навои пурнишот

Баргузор гардидани Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Суғдзамин аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ин тадбири маънавӣ ва маърифатӣ дар таҳкими дӯстиву бародарии минтақаҳои кишвари азизамон нерӯи наву тоза, ифтихору ҳуввияти ватандӯстӣ мебахшад.

Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд санаи 21 августи соли равон оғоз гардид. Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳамчунин, баъди қабул, меҳмонон ба самти деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардиданд. Сипас, аз ҷониби меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пояи муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, илова бар ин фарҳангчиёни бадахшонӣ аз Хона - мӯзейи ин шоири номдор дидан намуданд.

Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» баргузор гардид. Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ ба чор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор гардиданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд то 26 августи соли 2017 ҷараён мегирад ва дар он беш аз 850 нафар аҳли фарҳанг, илму ҳунар иштирок меварзанд.

Фарҳангчиёни ВМКБ дар ин Ҳафта аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят дидан намуда, инчунин ҳунару маҳорати худро баҳри сокинони вилоят намоиш медиҳанд.

Нодир Турсунзода,
 Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh