Барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки меҳмонони ВМКБ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Бегоҳии рӯзи 21 август беш аз 60 нафар меҳмонон аз ВМКБ бо мақсади иштирок дар ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмононро роҳбарияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ва фаъолони ноҳия дар “Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолият” истиқбол намуданд.

Роҳбари гурӯҳи меҳмонон, муовини Раиси ВМКБ Абдуназар Абдуназарзода барои истиқболи гарму самимӣ ба роҳбарият ва сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов изҳори сипос намуд.

Худи ҳамин рӯз барои меҳмонон барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” манзур карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh