Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”
- Details
- Published on Wednesday, 23 August 2017 06:53
Дирӯз, 22 августи соли 2017, иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос гардиданд.
Ҳайати меҳмононро роҳбарияти МОИ “Суғд” истиқбол намуданд ва сипас меҳмонон зимни боздид бо фаъолияти корхонаҳои гуногуни минтақаи озоди иқтисодӣ шинос шуданд.
Сипас меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро роҳбарияти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва устодону донишҷуёни ин муассисаи бузурги олии вилоят пешвоз гирифтанд.
Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ошёнаи якуми бинои №1-и донишгоҳ аз дастовардҳои илмӣ ва эҷодии устодону донишҷуёни ин боргоҳи маърифат ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни ташрифи хеш меҳмонон аз лабараторияи химия ва осорхонаи зоологияи факултети биология-химия, лабараторияи кафедраҳои физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт ва электроника, намоиши рассомон, наққошон, кандакорон, сарояндагон, навозандагон, дӯзандагон ва дигар дастовардҳои устодону донишҷӯёни факултетҳои санъат, санъати тасвирӣ ва технология дидан намуданд.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон ҳамчунин аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят ва коргоҳи “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.
Аксҳо аз ҷараёни боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд