Маҳфили шеъру тарона

Дар Маҷмааи фарҳангии «Кохи Суғдиён»-и маркази вилоят бо иштироки шоирону адибон, меҳмонони вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маҳфили адабии шеъру суруд доир гардид.

Маҳфилро раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзода ифтитоҳ намуда, аҳли қалам ва меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт.

Сипас, раиси бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Лаълҷўбаи Мирзоҳасан ба ташкилкунандагони нишасти мазкур ва аҳли адаби вилоят арзи сипос намуда, ёдовар шуд, ки чунин вохўриҳо барои боз ҳам таҳкиму рушд ёфтани адабиёти тоҷик мусоид хоҳад кард.

Ҳамчунин, устодони шеъри тоҷики ноби вилоятҳои ВМКБ ва Суғд, алалхусус Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, Шоири Халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Озарахш, Суруш, Тўйбек Шарифзода, Хушомади Алидод, Саодати Саидназар, Руқияи Давроншоҳ аз эҷодиёти хеш бобати дўстиву муҳаббат, Ваҳдату соҳибистиқлолии Ватан шеърҳо қироат намуданд.

Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони вилояти Суғд пешкаши ҳозирин гардонида шуда, табъи ҳамагонро боз ҳам болида гардонид.

М.САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh