Либосамон бояд миллӣ бошад!

Занҳое, ки либосҳои бегона мепўшанд, дар охир ба фарҳанги бегона дода шуда, ба гароишҳои ифротӣ пайванд гардиданашон аз эҳтимол дур нест. Дар мамлакатҳои Аврупо низ сарулибоси ғайриахлоқиро, ки пўшиданаш хоси на замону макону на ҳавову иқлим аст, намепазиранд.

Дар мамлакати мо гарчанд солҳои охир бар зидди пўшидани сатр чораҳо андешида шуда бошанд ҳам, падидаҳои дигаре ҳастанд, ки бегонапарастӣ ва таассубкории занони тоҷикро нишон медиҳад.

Дар ҳама ҷода беҳтарин шароит ин риояи меъёр аст. Меъёри ахлоқ, меъёри қонуну қоида, меъёри истифодаи воситаҳои гуногун, ҳатто меъёри табассуму ҳушҳолӣ низ мавҷуд аст. Дар сарулибоси занони тоҷик беҳтарин меъёр ин хоси манотиқи Шарқ будани занон, берун аз хурофотпарастӣ дар арсаи ҷаҳон ҳангоми ба забон гирифтани номи зани тоҷик ҷилвагар шудан дар симои зебои миллӣ аст.

Як либоси арўсии аврупоӣ то 5000 сомонӣ нарх дорад, ки умуман хоси занону бонувони тоҷик нест. Ин либоси кироя, ки солҳои сол пўшиданаш барои наварўсон урф гаштааст, аз байн бурдани ин амал ҳатто ба камина низ замоне ғайритабиӣ менамуд. Аммо бо либоси шахсие, ки ба ними маблағи ин либос харидан мумкин асту онро метавон дар оянда низ дар базму тараб истифода кард, ҳаргиз либоси кирояи ҳар кас пўшидаро қиёс намудан номумкин аст. Дар риояи меъёри либоспўшӣ моро зарур аст, ки бо мақсади худшиносии миллӣ анъанаҳои ниёгони хешро дар либосҳои миллӣ инъикос намуда, намунаи зебо ва олитарини либоси миллиро коркард намоем, ки ҷавобгўи замони муосир низ бошад.

Либосҳои беостину шимҳои танги барои духтарон нозеби ғарбиён, ки симои тоҷиконаи онҳоро дигаргуну тира месозанд, ҳаргиз тоҷикона нестанд. Дар либос бояд тоҷикона бошем, зеро миллати мо дар арсаи ҷаҳон, маҳз бо ҳастии худ, бо забону фарҳангу маданияту либоси худ баромад карда, миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд. На дар либос, балки дар ҷаҳонбиниву тафаккур ва кашфиёту дастовард аз аврупоиён дар пеш буданро омўзем. Дар либос бошад, баландтар аз либоси миллии тоҷикӣ дигар дараҷае нест, ки мо ба фатҳаш бикўшем.

Либоси миллии мо, либосе, ки модаркалону бибиёни мо дар бар доштанд, ҳам ҷавобгўи дини мубини Ислом ва ҳам ҷавобгўи замони муосир аст. Зеро дар он шарму ҳаё, танзиму сарфакорӣ ва ҳусни беҳамтои тоҷикона нақш ёфтааст.

Либос ҳамон вақт қобили қабул аст, ки агар ба меъёр риоя шуда бошад.

Озода НАБИЕВА,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh