Гулкорӣ нишонаи зебоипарастӣ
- Details
- Published on Friday, 08 September 2017 11:53
Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба гулҳо зиёд шудааст. Кишвари тоҷикон офтобрўя буда, дар ҳама фасли сол имконияти гулзору зебо гардониданро дорост. Бинобар он, ҳамасола гулҳои зиёд парвариш ва гўшаву канори вилоят кабудизор карда мешавад. Ҳатто, дар фасли сармо гулҳо шукуфону намуди зоҳирии кўчаву хиёбонҳо дилкашу рўҳафзо гардад.
Оид ба рафти шинонидани гулҳои зимистонӣ сардори қитъаи кабудизоркунии Сарраёсати ободонии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд Ғайбулло Тошматов гуфт, ки дар машварати омӯзишию амалӣ оид ба муаррифии навъҳои гуногуни гулҳои зимистонӣ дар қаламрави вилоят, ки бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид, супориш шуда буд, ки то санаи 10-уми сентябр ба муносибати ҷашнҳои бузурги миллӣ шинонидани гулҳо ба анҷом расонида шавад. Бинобар ин айни замон мо асосан чор навъи гулкарам, навъҳои сенариум, тагес, виола ва календула, ки шумораашон аз панҷ то сад ҳазор дона аст, шинонида истодаем. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи гулшинонӣ 9 мутахассиси соҳаи гулпарварӣ ва 128 коргар дар 8 минтақа корро вусъат бахшида истодаанд. Дар муассиса гармхона мавҷуд аст, ки дар он намудҳои гуногуни гулҳои тирамоҳию зимистонӣ парвариш карда мешаванд, ки ин намуди гулҳо ба сардии фасли зимистон тобовар буда, то фасли баҳор шукуфон хоҳанд монд.
Дар кадом сатҳ қарор доштани маъракаи шинонидани гулҳоро барои фаҳмидан ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ омадем ва маълум гардид, ки аллакай аз санаи 31 август гулшинонӣ оғоз шуда, дар боғ тақрибан 40 ҳазор гулҳои зимистонӣ шинонида шудаанд.
- Парваридани гул кори саҳл нест ва барои ба таври бояду шояд шукуфону зебо гаштани он мисоли марди деҳқон арақи ҷабин рехтан лозим аст. Нигоҳубини нодурусти гул ба нобуд гаштани он боис мешавад. Бояд гуфт, ки гулҳо натанҳо дар фасли баҳору тобистон, балки дар давраи тирамоҳу зимистон низ парвариш карда мешаванд, - изҳор дошт зимни сўҳбат Абдусалом Шодибеков - муовини аввали омири кулл, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ.
- Пеш аз парвариши гул бояд тухми онҳоро дуруст нигоҳ карда, хокашро бо нуриҳои минералӣ ғанӣ гардонидан лозим аст, танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем гулҳои зебои рангорангро ба халқ пешкаш намоем,-гуфт ў.
Ҳамчунин ў иброз дошт, ки дар осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон гармхона мавҷуд аст, ки дар он ҷо гулҳои бешумори зимистонӣ парвариш карда мешаванд. Гармхонаи мазкур шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бўстон, Истаравшан, Мастчоҳ, Шаҳристон, Истиқлолро бо гулҳои зимистонӣ таъмин мекунад.
Оид ба дар фасли сармо гулпўшу зебо гардонидани назди боғу гулгашт ва муассисаҳои мухталиф сокинон чунин изҳори ақида намуданд:
Нуринисо Раҳматова, сокини шаҳри Хуҷанд, мураббия:
- Шод аз он ҳастам, ки дар шаҳри Хуҷанд аллакай шинонидани гулҳои зебову рангоранги зимистона оғоз шудааст. Рўзи гузашта аз Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ гузар доштам ва дидам, ки занони гулпарвар гул шинонида истодаанд. Аз дидани ин манзара шод гаштам, зеро дар фасли тирамоҳу зимистон дар атроф гулҳоро дида, инсон худро бардаму солим ва аз зебогии онҳо зиндадилу некбахт эҳсос менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки диққату назари роҳбарият нисбат ба мо - мардуми кишвар басо баланд аст. Зеро зебову обод ва сарсабзу гулпўш кардани гўшаву канори кишвар аз фарҳангдўстиву меҳанпарастии эшон дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки гулпўш кардани вилоят ба фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддаост. Гулпўшу зебо нигоҳ доштани Ватани азизамон бояд мақсади асосии ҳар фарди соҳибдил бошад.
Ҳурибибӣ Каримова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соҳибхоназан:
- Имрўз дар ноҳияи зебоманзари мо гулшинонӣ оғоз шудааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарони вилояту ноҳия барои сарсабзу зебо гаштани хиёбону мавзеъҳои диёр таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд. Гул худ нишонаи зебоиву нозукист ва дар фасли сармо дидани гулҳои шукуфта рўҳи инсонро болида ва қалбро шод мегардонад. Гумон дорам, ки дар оянда низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарони вилояту ноҳия оид ба дар фасли сармо кабудизоркуниву гулшинонӣ ва зебову обод нигоҳ доштани кишвар давом хоҳад ёфт. Имрўз ба вилояти Суғд аз ҳар гўшаву канори ҷаҳон меҳмонон ва сайёҳон меоянд ва сарсабзу зебо будани диёрамон айни муддаост.
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби кормандони қитъаи кабудизоркунии Сарраёсати ободонии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд давоми ҳафта дар маҳаллаҳои “Бофанда”, “Гули ҷаҳон”, кўчаву хиёбонҳо ва роҳҳои асосии шаҳри Хуҷанд беш аз 20 ҳазор гулҳои зимистонӣ шинонида шуданд.
Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”