Муҳиддини Музаффар: «Тангно»- бозгўи рўзгори амиқ

Дар Кохи матбуот нишасти хабарии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» бо намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят баргузор гардид. Сараввал директори филмҳои «Суғдсинамо» Осими Орифпур нишастро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки нахустнамоиши филми «Тангно» чанде пеш дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва он дар сатҳи хуб баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ директори Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» Муҳиддини Музаффар, продюсери филмҳо Дилошўб Орифзода ва ҳунармандоне, ки дар филми «Тангно» нақш офариданд, иштирок доштанд. Дар чорабинӣ фаъолияти муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифта, рўзноманигорон вобаста ба нақшаҳои минбаъдаи аҳли гуруҳ саволҳо дода, посух гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки филми «Тангно» аз вазнинии ҳаёти писарбачае бо номи Армон қисса мекунад. Падараш бо мақсади ба даст овардани маблағ барои хароҷоти тўйи хатнасури фарзандаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дигар барнамегардад. Армону модараш ба таънаҳои ҳамдеҳагонашон бо азму иродаи қавӣ посух мегардонанд. Нақши Армонро дар филми мазкур Муҳаммадшариф Раҳматуллоев бозидааст. Гуфта шуд, ки филми «Тангно» дар ҷанри драма омода гардида, барои наворгирии он бештар аз 450 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» то ба имрўз филмҳои ҳунарии «Коса», «12 соли интизорӣ», инчунин ду филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» ва «Ман аз Шарқи озодам» ба навор гирифта шудааст.

Дилошўб Орифзода дар суҳбат гуфт, ки филми «Ман аз Шарқи озодам» ҳуҷҷатӣ аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» таҳия гардида, дар бораи ҳафт ҷавони фаъоли вилоят қисса мекунад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh