Хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо ба талабот мутобиқ аст?
- Details
- Published on Tuesday, 26 September 2017 09:24
Оё имрўз тарзи хизматрасонии пешхизматҳои тарабхонаву қаҳвахонаҳо ба талаботи замон ҷавобгў аст? Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала аз чанд тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд дидан намудем. Аз ҷумла, қаҳвахонаҳои «Равшан», «Хушбахтӣ», «Висол», «Хони Хуҷанд», «Зайтун», «Баҳори Аҷам», «Адибон», тарабхонаҳои «Тоҷикистон», «Мирзоён», «Хуҷанд», «Меҳрангез», «Дидор», «Ҷавонӣ», «Нигор», «Фирдавс» ва ғайраҳо ҳамарўза ба мизоҷону меҳмонон хизмат мерасонад. Бояд гуфт, ки на ҳамаи ин тарабхонаву қаҳвахонаҳо тарзу сифати хизматрасониро хуб ба роҳ мондаанд.
Ранг бину ҳол пурс
Чун вориди ин гуна ҷойҳо мешавем, тарзи либоспўшиву муомилаи пешхизматҳо касро шод мегардонад, зеро ҳар яке дар вақти суҳбат даст пеши бар гирифта, фармоишро дар муддати кўтоҳ рўи миз мегузоранд.
Вале…
Ҳангоми пешкаш кардани таом аксарият сарпўш ва дар даст дастпўшак надоранд, ки ин амал хилофи гигиена буда, иштиҳо ва табъи мизоҷро хира месозад. Ҳангоми овардани таом пешхизмат дар даст варақу қалам дорад ва пас аз лаҳза бо таом меоянд. Шояд пеш аз овардани таом дастҳояшро шуста бошад, кӣ медонад?! Он тарафаш бароямон равшан нест.
Тибқи муқаррароти санитарӣ бояд кормандони чунин макон либоси ягона ба бар дошта бошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тарзи либоспўшии кормандони тарабхонаву қаҳвахонаҳо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Зеро, либоси ягона барои пешхизматҳо ба чашм намерасад.
Қаҳвахонаи «Зайтун» бештар диққати моро ба худ ҷалб кард, зеро, пешхизматон ба таври миллӣ сару либос пўшидаанду дар сар тоқиҳои миллӣ доранд. Тарзи ороиши қаҳвахона низ миллӣ буда, таваҷҷўҳи касро ба худ ҷалб мекунад.
Мизоҷон чӣ андеша доранд?
Мамлакатбону Қодирова - соҳибкорзан:
-Чанд рўз пеш шаби базми хонадоршавии ҷиянам Фирдавс дар тарабхонаи ба номи «Мирзоён» баргузор гашт. Ростӣ, ороиши дастархон ба дараҷаи баланд анҷом дода шуда буд. Таассуф-овараш он аст, ки пешхизмати тарабхона дар тан либоси ягона ва дар дасту сараш сарпўшу дастпўш надошт. Косаи хўрокро аз як тараф дошта ба назди мизоҷ мегузошт, ки қоидаҳои оддии хизматрасонии пешхизматиро, ки ин пеш аз ҳама муомилаи хуш аст, ба ҷо намеовард.
-Раънохон Ҳалимова-омўзгор:
-Ҳамроҳи ҳамкурсон ба қаҳвахонаи «Садбарг» барои хўроки нисфирўзӣ равон шудем. Моро ба ҳуҷра даъват намуданд. Мебоист дар даромадгоҳ ё ягон ҷой «ХУДХИЗМАТРАСОНӢ» навишта бошанд, аммо чунин навиштаҷот ба чашм нарасид. То назди мо омада фармоиш қабул кардани пешхизмат қариб ним соат гузашт. Овози баланди моро шунида, пешхизмат лабу лунҷашро инҷ карда (гўё ба хонааш рафта бошем), бо дили хоҳаму нохоҳам фармоишамонро қабул кард. Ба ҷойи зуд хўроки гармро овардан, боз ним соати дигар ғайб зад. Вақти хўрдани таоми нисфирўзӣ ба охир расидаасту аз пешхизмат дараке набуд.
- Равшани Меҳрубон – донишҷў:
-Дар рўзи ақди никоҳ арўсамро ба қаҳвахонаи «Равшан» таклиф кардам. Хушбахтона, пешхизматони қаҳвахона моро ба дараҷаи аъло хизматрасонӣ карданд. Азбаски, дар оила бо забони русӣ муошират мекунем, пешхизмат ҳам аз ин пай бурда, бо забони русӣ бо мо муошират кард.
Ҳадаф: баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ
Сўҳроб Ғаниев-мутахассис оид ба курсҳои соҳибкории Донишкадаи иқтисод, савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:
- Ҳанўз соли 2010 курси омўзишии пешхизматиро ба роҳ мондем. Ҳадафи асосии ташкил кардани курси кўтоҳмуддати семоҳа баланд бардоштани сатҳи малака ва маданияти шаҳрвандон оид ба хизматрасонӣ мебошад. Дар курси омўзишии пешхизматӣ муддати се моҳ мутахассисони соҳибкасби дараҷаи баланд омода карда мешаванд. Дар давоми таҳсил ба донишҷўён тарзи ҷобаҷогузории зарфҳо ва лавозимоти рўйимизӣ, одоби муоширати баланди касбӣ, либоспўшӣ, пешвози меҳмонон ва амсоли ин омўзонида мешаванд. Ба хатмкунандагони курси семоҳа сертификат дода мешавад. Алҳол мо бо чанд тарабхонаву қаҳвахона шартнома дорем, ки тақрибан 80-90 фоизи хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Фирўза Қодирова-хатмкунандаи курси пешхизматӣ:
- Падару модар пас аз хатми мактаб маро ба шавҳар доданд. Соҳиби писарчаи дўстрўяк гаштам. Бо амри тақдир шавҳарам ба беморӣ гирифтор шуду аз олам даргузашт. Хусуру хушдоман аз хона бо фарзанди навзодам ронданд. Шароити оилавии модарам вазнин аст. Аз паси ҷустуҷўи кор гаштам. Барои пешхизмат шудан ба чанд қаҳвахонаю ошхона муроҷиат намудам. Чанд рўз дар як қаҳвахона кор кардам, вале аз чӣ бошад, ки бархе аз кормандонашон бо назари бад нигаристанд. Дар чорсўи зиндагӣ ҳайрон мондам. Вақте огоҳ гаш-там, ки курси тайёр кардани пешхизматҳо фаъолият мебарад, зуд шомил гашта, пас аз се моҳ сертификат гирифтам. Бо ҳуҷҷат маро зуд ба кор қабул карданд.
Касби пешхизматӣ - қадаме ба пеш!
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш бобати касбомўзии занону духтарон ҳарф мезананд. Аз ин рў, дар вилоят курсҳои гуногун барои занону духтарон рўи кор омаданд. Ин ҳама баҳри бо ҷойи кор таъмин намудан ва соҳибкасб гаштани занону духтарони хонашин нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маркази таълимии забонҳои хориҷӣ оид ба ташаккули малакаи соҳибкорони ҷавон аз рўи 19 намуд курсҳои кўтоҳмуддати омўзишӣ ба роҳ монда шудааст.
Марказ бо тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла 20 адад компютер, 3 адад таҷҳизоти чопӣ, 1 адад тахтаи электронӣ ва маводи таълимӣ таъмин аст. Боиси зикр аст, ки дар Донишкада парки техникӣ низ амал мекунад, ки дар он ҷо аз рўи талабот либоси пешхизматонро омода мекунанд. Алҳол ду намуд барои духтарҳо ва се намуд либоси пешхизматӣ барои писарҳо аз матоъҳои адрас, атлас ва беқасаб омода карда шудааст.
Шаҳбонуи ОЛИМ,
«Ҳақиқати Суғд»