Беэътиборӣ ҷиҳати рушди санъат

Зилола Эгамзода - муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов: Ба мо мактуб биёред…

Маориф соҳаи афзалиятнок буда, ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои миллат наврасону ҷавононро ояндаи миллат шуморида, барои тарбияи насли наврас шароитҳои хуб фароҳам оварда, дастгирӣ мекунанд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба соҳаи маориф 3 миллиарду 581,1 миллион сомонӣ ҷудо шуд, ки назар ба соли 2016 13,7 фоиз зиёд аст.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласа ва сафарҳои кории хеш ҷиҳати рушду таҳкими санъати миллӣ ва дастрас намудани асбобҳои мусиқӣ дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки бояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дарси санъати мусиқӣ омухта шавад.

Бино ба гуфти сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов дар маҷмўъ, дар макотиби шаҳру навоҳии вилоят 1260 асбоби мусиқӣ мавҷуд аст, ки 198 адади онро Раиси вилоят ба муассисаҳои таълимӣ тўҳфа кардааст.

Баробари дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи маориф то ҳол камбудиҳо ҷой доранд. Бо вазъи соҳаи маорифи ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Спитамен аз наздик ошно шуда, аз ҷумла ҳолати имрўзаи дарси санъати мусиқиро, ки дар мактабҳо омўхта мешаванд, мавриди омўзиш қарор додем.

Ранг бину ҳол пурс…

Вақте вориди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов гаштем, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Зилола Эгамзода моро чун меҳмони нохонда пешвоз гирифт, ҳол он ки як рўз қабл аз идораи рўзнома занг зада, огоҳ карда будем. Хуллас, пас аз ҳолпурсӣ Зилола Эгамзода бо норозигӣ пурсид: «Ягон мактуб доред?».

- Не надорам, ман рўзноманигор ҳастам ва тибқи супориши роҳбарият барои инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф омадаам.

Гўё суханони маро сарфи назар карда бошад, ситезаомезона гуфт:

«Барои мо мактуби Раиси вилоят ва ё роҳбарияти корхонаатон лозим аст, бе мактуб ман бароятон иҷозати ба мактабу боғча рафтанро дода наметавонам».

 - Ба идораамон занг занед, - гўён таклиф пеш овардам ва пас аз ин Эгамзода камтар хомўш монд. Пас аз лаҳзаи таваққуф ў пурсид:

«Чанд пул аст?» Ба ҳайрат омадаму пурсидам:

«Чӣ чанд пул аст?».

Ў гуфт:

«Мақолаи менавиштаатон?»-саволомезона ба ман нигарист.

- Ман аз Шумо маблағ намегирам. Ҳадафи ман инъикоси холисонаи мавзўи пешниҳодшуда аст, - гуфтам дар ҷавоб.

Ҳарчанд мақсади ба ноҳия омаданамро фаҳмонидам, вале муҳтарама З.Эгамзода изҳор дошт, ки аксарият нафароне, ки худро ҳамчун рўзноманигор муаррифӣ мекунанд, барои маводи навиштаашон маблағ талаб доранд.

Дар як мактаб - ду асбоби мусиқӣ

Вақте вориди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми ноҳия шудем, чашмамон ба саги бадҳайбати дайдуе бархўрд, ки дар саҳни он гаштугузор дошт. Гирду атрофи мактаб бошад, партовҷоеро мемонд, зеро норўфтаву нообод, деворҳояш афтидаву тирезаҳо аз чанг пур буданд. Дар дабистон 480 нафар хонанда дар ду баст таҳсил дошта, омўзгори санъати мусиқӣ набуд. Ҳатто директори мактаб Гулноза Қаҳҳорова ба суоли «Дар мактаб чанд асбоби мусиқӣ ҳаст?» дасту по хўрда, ба ман чунон нигарист, ки гўё ягон суоли ғайриоддӣ дода бошам.

-Дар мактаб як ё ду асбоби мусиқӣ ҳаст. Яктоаш бошад, дар болои ҷевони ман гузошта шудааст, ки дар вақти дарс хонандагон аз он истифода мебаранд, -гуфт ў.

Сарвари мактаб шумораи асбобҳои мусиқӣ ва кадом намуд буданашонро ҳатто намедонист. Ў, ки бо забони тоҷикӣ базўр ҳарф мезад, шояд суоли маро нафаҳмида бошад. Намояндаи маорифи ноҳия Барно Рўзиева саволро бо забони ўзбекӣ фаҳмонид, вале ҳайҳот…

Дар мактаби таҳсилоти умумии №3-юми ноҳия 654 хонанда таҳсил мекунанд ва дар он низ дарси санъати мусиқиро омўзгори ғайриихтисос мегузаронад. Бино ба гуфти сарвар Гулсуной Бобоева дар мактаб танҳо ду асбоби мусиқӣ - доира ва рубоб ҳаст.

Хонандагони мактаби мазкурро пурсон шудам, ки оё дар дарси санъат асбобҳои мусиқӣ истифода мебаранд?

-Дар дарси санъати мусиқӣ мо шеърро аз худ карда, ба таври суруд замзама мекунем. Бароямон асбобҳои мусиқӣ дастрас нестанд. Аксар вақт ба ҷойи дарси санъати мусиқӣ дигар фан меомўзем, - мегўяд хонандае дар посух.

Як бому ду ҳаво…

Муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ бобати дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия ҳарф зад. Ў гуфт, ки нисбат ба соҳаи маориф эътибори ҷиддӣ дода истодаем, зеро насли наврас ва ҷавонон бояд ҳаматарафа илм андўзанд, соҳиби тахассус гарданд.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳия Баҳодур Мамадализода дар ноҳия 32 мактаби таҳсилоти умумӣ, як литсей ва ду мактаби хусусӣ мавҷуд буда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ синф ва омўзгори ин фан мусиқӣ фаъолият доранд. Танҳо дар даҳ мактаб омўзгори фанни мусиқӣ намерасад, ҳарчанд дарсро омўзгори ғайриихтисос омўзонад ҳам, хонандагон аз асбобҳои мусиқӣ истифода мекунанд, зеро ансамбли мусиқӣ фаъолият дорад. Алҳол дар муассисаҳои таълимӣ 119 асбоби мусиқӣ мавҷуд буда, марҳала ба марҳала шумораашро зиёд мегардонанд.

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи №№ 21,6,10 омўзгорони соҳибтахассус аз фанни санъати мусиқӣ таълим медиҳанду хонандагон озодона аз асбобҳои мусиқӣ истифода мебаранд ва маҳорати баланди навозандагӣ доранд. Дар таълимгоҳҳои мазкур шумораи асбобҳои мусиқӣ на кам аз 12-13 адад буда, намудҳои гуногун доранд.

Вақте вориди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-уми ба номи Комилҷон Эшалиеви Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия шудем, омўзгори санъати мусиқӣ Ғайбулло Ялоқов ба хонандагони синфи ҳафтум дарс мегуфт. Хонандагон бошанд, дар даст асбобҳои миллии мусиқӣ доштанд ва бо шавқ нозукиҳои ин касби мазкурро меомўхтанд.

Ҳарчанд масофаи байни ду ноҳия наздик бошад ҳам, фарқият байни онҳо аз замин то осмон аст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов дидаву дониста ба рушди санъати миллӣ хунукназарӣ менамоянд?! Ҳол он ки дар хусуси баланд бардоштани маҳорат ва татбиқ намудани санъату ҳунарҳои миллӣ дар макотиби вилоят борҳо Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласаҳои кории хеш ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дода буданд…

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh