Туризм нигаронкунанда боқӣ монд

Соҳаи туризм дар замони муосир аз лиҳози даромади иқтисодӣ барои кишварҳои пешрафта дуввумин манбаъ ҳисоб мешавад. Аммо дар тафаккури мо ҳатман бояд «пиёзро мефурўшаму аз он даромад пайдо мекунам» мисли қолаби шахшуда ҷойгир шудааст. Ҳол он ки олами тиҷорати пешрафта исбот намудааст, ки ба ҷуз картошкаву пиёзфурўшӣ боз роҳҳои модерни дигари даромади саршори замони муосир вуҷуд дорад.

Солона аз ҳисоби сайёҳии сатҳи ҷаҳонӣ 1,4 триллион доллари ИМА дар гардиш аст, ки ҳар давлате тавонист аз ин маблағи ҳангуфт баҳраёб мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳон даромади соҳаи туризм ҷои панҷумро баъд аз даромади нафт ишғол менамояд ва дар баъзе кишварҳои мутараққӣ бошад, дар ҷои аввал меистад.

Аврупоӣ барои дидани Аврупо намеояд!

Аз рўйи маълумоти дақиқу расмӣ минтақаи аслии сайёҳон асосан Аврупои Ғарбӣ ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 70 фисади олами туризмро дар бар мегирад. Дар ин ҷо албатта кишварҳои Итолиё, Фаронса, Испониё ҷои аввалро ишғол менамоянд. Аз ҳама нуктаи аҷиб: давлати Исроил, ки дар масоҳат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хурд ва аз ҷиҳати нуфузи аҳолӣ қариб ҳамтарози кишвари мост, дар соҳаи туризм рушдкардатарин давлат ба ҳисоб рафта, тибқи иттилои дарёфтӣ даромади ин кишвар аз туризм дар соли 2015 ҳудуди 4 миллиард долларро дар бар гирифтааст.

Пешрафти бидуни таваққуф ва сония ба сонияи асри 21 тақозо мекунад, ки ба ҳар соҳа аз назари бизнес нигаристан боке надорад. Зеро, чунин тақозои замон пешомадеро дар рў ба рўи мо мувоҷеҳ сохтааст, ки тиҷоратро аз тиҷорат бояд шиносем ва аз ин фурсати муносиб самаранок истифода барем. Тиҷорат на ин ки ҳатман дар бозор чизеро арзонтар харидорӣ намоему гаронтар фурўшем ва аз он фоида ба даст орем. Имрўз диду назар ба илми тиҷорат комилан шакли нав гирифта, даромадҳои ҳангуфти ғайримунтазираро ба буҷет ворид мекунад.

Яке аз ин даромадҳои саршор рушди соҳаи туризм ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мебошад, ки борҳо дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидҳои саривақтӣ намудаанд. Мутаассифона, то ба ҳол ин соҳа рушднокарда ва нигаронкунанда боқӣ мондааст, ки коршиносон иллати онро дар набудани мутахассисҳои менеҷерӣ ва маркетинги соҳаи туризм унвон менамоянд.

Ба таъкиди иқтисодшиносон роҳҳои зиёди ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон вуҷуд дорад. Онҳоро бештар манзараҳои афсункор, хона-музею гулгаштҳо, деҳаҳои дурдасту кўҳсорони зебо ва дигар аҷоиботи кишвари мо метавонад ба худ кашад. Аммо барои пешбурди ин амалкард мутахассисҳои воқеии менеҷер ва маркетологи соҳаи туризм хеле кам ва ҳатто ангуштшумор аст. Барои тамошои маконҳои туристӣ асосан рўзона сайёҳон вақташонро мегузаронанд. Аммо масъалаи шабгузаронӣ, шабнишинӣ, ки яке аз барномаи тафреҳии сайёҳон ба шумор мераваду дар он меҳмонхонаҳо нақши асосиро мебозанд, чун пештар ҳамчун саволи нокушода боқӣ мемонад.

Як чизи ақибмондаи мо дар он аст, ки меҳмонхонаҳоямон дар тақлиди аврупоӣ сохта шудаанд ва ягон аҷобату нуктаи мароқбарангезӣ барои сайёҳонро надоранд. Ҳол он ки ҳар як сайёҳ ба кишвари бегонае агар равад, мехоҳад фазову муҳити миллии макони навро барои худаш кашф намояд. На ин ки аз Аврупо ояду ҳамосаи Аврупоро дар он бубинад. Хеле мехоҳад булъаҷабии Шарқ ва маконҳои мафтункунандаи шарқиёнаро бубинад. Мехоҳад дар ҳар қадамаш буйи ниёкони миллии тоҷикӣ ба машоми аврупоиаш расад. Зеро, аслан ташрифи сайёҳи хориҷие ба кишвари мо ба ҷуз гирифтани ангезаи шарқиёнаи мо дигар чизе нест.

Рекламаи шарқиёнаву тоҷикона куҷост?

Дар суҳбат бо бисёр сайёҳон метавон ба натиҷа расид, ки онҳо аз якрангии муҳити кишвари худашон дилгир шудаанд ва мехоҳанд, ки дар саёҳат олами дигарро бо муҳиту фазои дигар кашф намоянд. Бинобар ин, меҳмонхона, ки яке аз рукнҳои асосии рушди туризм аст, бо якчанд пурсишҳое метавон онҳоро бо ду по дар лангидан дид:

Оё меҳмонхонаҳои мо воқеан ба талаботи ҷаҳони муосири туристӣ ҷавобгўянд? Аслан меҳмонҳо дар меҳмонхонаҳои мо чиро дидану мушоҳида кардан мехоҳанд? Оё нафаре, ки аз Ғарб омадааст, дар меҳмонхонаҳо аҷоиботи шарқиро дидан намехоҳад?

Ин якчанд суолҳое мебошанд, ки роҳнамои менеҷерон ва маркетологҳои соҳаи сайёҳӣ бояд бошад. Ба ин суолҳо посух ҷустан ва онро дар амал татбиқ намудан худ аз худ метавонад боиси пешрафти соҳаи туризм шавад. Вагарна, агар ягон тоҷикистоние ба Аврупо равад, мехоҳад аз таърихи он, муҳиту урфу одати қадимаи он шинос шавад.

Тасаввур кунед, агар мо ҳам ба сифати сайёҳ дар Аврупо ҳамин ҷомаву тоқиву хару аробаи миллиамонро бубинем, ҳеҷ аҷобате бароямон намемонад. Ба дил мегўем: «Аз он ки харҷи даҳчанд карда ин ҷо омадам, магар беҳтар набуд, ки ҳамин расму оини тоҷикиамро бо сарфи садчанд арзонтар дар деҳаву кўҳистонҳоямон бубинам?».

Айнан бо чунин орзуву ормонҳо сайёҳони хориҷӣ низ ба кишвари мо ташриф меоранд ва мутаассифона, интизордории баръаксро мебинанд, ки аз сатҳи хеле пасти менеҷменти соҳаи сайёҳиамон дарак медиҳад ва ин боис мегардад, ки торафт муштариёни хориҷӣ кам мешаванд.

Дар кишварҳои тропикӣ дидани шутуру палангу гўрхару зарофа ва савор шудан ба фил чӣ қадар лаззат дорад. Охир ин гуна табиати зинда як ҷузъи муҳими кишварҳои минтақаи мазкур аст, пас чаро мо аз эпоси Хоҷа Насриддину хари донои ў, ҳазорхонаҳои Шаҳрзоду Шаҳриёри «Ҳазору як шаб», аз нигораҳову гуфторҳову нақшу нигори Чойхонаҳои Мушфиқиву Дилкушо, қолини паррону ҷомаву дастори тоҷикӣ ва дигарҳо, ки куллан намунаҳои барҷастаи тоҷиконаву шарқиёнаи мо аст, на дар меҳмонхонаҳоямон дорем, на дар ҷойҳои махсусе, ки сайёҳон он ҷо саёҳат кунанд.

Рўзноманигор Ҷовиди Аштӣ вазъи имрўзаи меҳмонхонаҳоро дар Тоҷикистон барои меҳмонҳои хориҷӣ ғайриқаноатбахш меҳисобад.

-Мо дар ҳамосаи таърихиамон милёнҳо экспонатҳои зиндаву ҷовид дорем, ки хориҷиён онҳоро дидан мехоҳанд. Масалан, хару ароба ва Ҳазрати Мушфиқӣ. Чаро дар даромадгоҳҳои меҳмонхонаҳоямон хару аробаи бо нақшу нигори миллӣ ва Ҳазрати Мушфиқӣ бо зарофати латифу аҷибаш меҳмононро пешвоз намегирад? Чаро меҳмононро бо чунин «фойтуни миллӣ» ба шаҳр давр намезанонанд? Ин шояд як андоза соддаранг ва хандаовар намояд, аммо дар асл муҳиту фазои тоҷиконаи мо таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашад, на он мўдҳои «шортики бермуд»-у биноҳои сохти аврупоишакл,-мегўяд мавсуф.

Аз рўи гуфтаи коршинсон бармеояд, ки дар меҳмонхонаҳои мо бигзор сервировкаи замонавӣ омехтаи маданияти аврупоӣ бошад, то ин ки хориҷиён аз он бардошти аҷибе бо худ бигиранд ва дар ватани хеш аз аҷобати кишвари мо ба ҳамдигар гўянду нақл кунанд ва реклама созанд. Зеро, исбот шудааст, ки рекламаи шифоҳӣ бартарияти зиёд дорад ва низ боиси ҳарчӣ зиёдтар шудани сафи туристон барои оянда мусоидат менамояд. Инчунин таъкид медоранд, ки нақшу нигор ва намову шакли меҳмонхонаҳо ва саҳни он бигзор бўй ва нашъаи таърихи шарқии моро диҳад.

Аз мубоҳисаи аксари ҳамсуҳбатон метавон натиҷа гирифт, ки маҳз нозукиҳои болоиро менеҷерони соҳаи туризм дар кишвари мо ба инобат намегиранд. Дар суҳбат меҳмонони хориҷӣ низ иброз медоранд, ки дар кишвари шарқиёнаи мо танҳо эъҷозу зебогии шарқиёнаро орзу мекунанд. Аммо мо ҳанўз аз тақлид даст накашидаем, ки накашидаем ва гумон дорем, ки гўё бо нақшу нигору намову хидматрасонии аврупоӣ метавон таваҷҷуҳи онҳоро барангезем.

Ширкатҳои туристӣ: фақат омодасозии виза?

Имрўз ҳар сари қадам ширкатҳои туристиро бо эълону навиштаҷоти чашмрас дидан мумкин. Кас гумон мекунад, ки агар ҳар сари қадам чунин ширкатҳо дошта бошем, ояндаи туризми мо гулгулшукуфон аст. Аммо ҳайҳот!

Тавре аз мушоҳидаҳо аён шуд, ширкатҳои мустақар дар шаҳри Хуҷанд ва паҳнои он дар ивази маблағ танҳо барои омодасозии виза кор мекардаанду халос. Агар дар бораи ҷалби сайёҳони хориҷӣ суол кунед, «не акоҷон, мо танҳо барои тоҷиконе, ки ба хориҷа мераванд, виза омода мекунему халос» мегўянд.

Ин нукта бори дигар исбот менамояд, ки ҳанўз мо аз кўчаи менеҷерӣ ва маркетинги сайёҳӣ як қадам ҳам убур накардаем. Ҳол он ки яке самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани некўаҳволӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ин рушди соҳаи туризм аст.

Дар суҳбат бо соҳибкорону сармоягузорони ИМА Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои хеш ин нуктаро борҳо ишора кардаанд, то сайёҳони он сўи уқёнус ва соҳибкоронаш ба кишвари мо мароқ зоҳир намоянд. Мутаассифона, ин ҳоле, ки менеҷерони туризми мо доранд, тамоми интизориҳои моро зери суол мегузорад. Ин ки чанд нафаре дорем, ки забони англисиро хуб медонанду озодона гап зада метавонанд, мазмуни онро надорад, ки онҳо менеҷерҳои соҳаи туризманд.

Табиати афсункори кишвари мо метавонад, ба ҷуз рушди соҳаҳои комплекси саноативу агарарӣ бо пешрафти туризм рўй ба тараққӣ орад. Ин нуктаро борҳо иқтисодшиносон низ таъкид намудаанд. Яъне, забони ин намуди бизнесро бояд омўхту ба ҷаҳони мутамаддин ҳамгому ҳаммаром бояд шуд, на ин ки шефтаи тақлиди кўр-кўрона гашт.

Бояд коре кард, вагарна…

Пас метавон хулоса намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта якчанд қадамҳое пешорўйи мо меистад, ки бояд онҳоро бартараф намуд.

Аввал ин ки, тарбия намудани менеҷерони воқеии сайёҳӣ, ки забони тиҷоратро ба хубӣ донанд. Дуввум, эстетикҳое заруранд, ки бояд донанд, ки сайёҳони аврупоӣ ва дигар мамолик аз кишвари шарқиёнаи мо чӣ ва чиро дидан мехоҳанд? Саввум, билфосила тағйири шаклу намуди меҳмонхонаҳои аврупоишакламон ба модели шарқиёна. Ва ахиран, созмон додани сомонаҳое, ки ҳамарўза зебоиҳои кишвари моро реклама намоянд ва ташкили роликҳои рекламавие, ки дар сомонаҳои хориҷӣ бояд шабу рўз гардиш хўранд, ки барои ҷалби сайёҳон мусоидат намояд.

Вагарна, дар сурати билъакс боз ҳамонем, ки ҳамон боқӣ мемонем.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh