Муҳити илмӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ
- Details
- Published on Thursday, 05 October 2017 10:05
Моҳи сентябри соли 2014 бо қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Муассисаи давлатии маркази илмии Камоли Хуҷандӣ таъсис ёфт. Имрўз муассиса дар якчанд самт фаъолият дошта, асосан ба таҳқиқи рўзгору осор, хусусиятҳои шеър ва муаррифии Камоли Хуҷандӣ машғул аст.
Ба гуфти муовини маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Баҳром Раҳматзод ҳадаф ва самтҳои асосии фаъолияти марказ ин анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили мубрами адабиёт, таърихи миллати тоҷик буда, ҷабҳаи аслии он ба ҳаёт ва эҷодиёти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва ҳамзамон намояндагони илму адаби тоҷик нигаронида шудааст. Аз гуфтаи мавсуф бармеояд, ки таҳия ва нашри осори суханварону донишмандони тоҷик, инчунин гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилаливу ҷумҳуриву вилоятӣ оид ба масъалаҳои муҳими илмӣ ба дўши маркази мазкур буда, дар ин ҷода ҳамзамон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла, муҳаққиқони асили адабиёт ва таъриху ҷомеашиносӣ ва ба роҳ мондани фаслнома маҷалла ва рўзнома иборат аст.
То имрўз 21 номгўи китоб аз ҷониби муассиса нашр шудааст. Аввалин китоб «Муқаддимаи камолшиносӣ» буда, дар он тарҷумаҳои шеъри Камоли Хуҷандӣ дар панҷ забон бори аввал бо ибтикори устод Фахриддин Насриддинов бо номи «Армуғони аҳли дил» бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, урдуӣ, ўзбекӣ ва тоҷикӣ нашр шуда, инчунин «Иксири саодат», Баргузидаи адабиёт, мисраҳо ва пораҳои пандомезу ҳикматбори Камоли Хуҷандӣ бо ибтикор ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Кодирӣ нашр гардида, ба дасти алоқамандон расидааст,-мегўяд зимни суҳбат Б. Раҳматзод.
Ҳудуди ҳафтод фисади китобҳои нашргардидаи муассиса бори аввал ба ҳуруфи кириллик нашр шуда, аксарияти китобҳо ҳамчун сарчашмаҳои муҳим ва дасти аввали илмӣ ҳисоб мешаванд. Инчунин дар китобҳои интишоршуда шоирони классикеро метавон вохўрд, ки то ин дам ному насаби эшон ба ҳаводорони аҳли сухан нодир ва ҳатто ноошно будааст.
Масалан, дар китоби Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ аз зиндагинома ва кароматҳои эшон маълумоти аҷиб фароҳам омада, дар бораи тамоми мазорҳо ва маълумоти этнографии шаҳри Хуҷанд иттилооти зиёд нашр шудааст.
Хубӣ ва осонфаҳмии китобҳои нашршуда аз он иборат аст, ки он тавзеҳот дошта, тамоми калимаҳои мушкили адабӣ бо забони соддаю фаҳмо дар ҳошия оварда шудааст. Дар муассиса асосан муҳаққиқони ҷавон фаъолият дошта, барои хонданбоб ва талаби замон гардонидани китобҳо заҳмати зиёде доранд.
Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»