Забон – сарчашмаи бунёдгари миллат аст!
- Details
- Published on Friday, 06 October 2017 08:42
Ҷашн гирифтани Рўзи забони давлатӣ яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол баргузор карда мешавад ва барои мардуми Тоҷикистон азизу мўътабар аст.
Зеро дар ин рўз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи пурпечу фарози таъйнамудаи забону фарҳангамонро пеши назар меорем. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд.
Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба ин ҷашни расмиву хотирмон барномаи фарҳангию идона баргузор шуда, баҳри болидахотирии иштирокчиён аҳли қаламу эҷод барномаи ҷолиби назмию насрӣ ва таронаву сурудаҳоро намоиш доданд. Бахусус қироати шеърҳои тозаэҷоди адибони маҳаллӣ Сироҷиддин Осимӣ, Зайниддин Қаландарзода, Нуралӣ Эгамзод, Шоира Мадалиева ва дигарон як ҷаҳон таассуроти хуши амиқу гуворо дода, дастаи фарҳангчиён ва ансамбли рақсии “Гулдухтарон” ба чорабинӣ ҳусни тозаву хосса бахшид.
Рухшона Ҷўраева – корманди Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич