«БЕҲТАРИН МУКОФОТ ЭҲТИРОМИ ХАЛҚ АСТ»
- Details
- Published on Tuesday, 10 October 2017 09:18
– мегўяд рўзноманигор ва адиб Бобоҷон Икромов, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд
Муаррифӣ
Бобоҷон ИКРОМОВ 10 октябри соли 1957 таваллуд шуда, баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 25-и деҳаи Чоркўҳи ноҳияи Исфара, соли 1973 ба шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид.
Аз соли 1978 ба сифати муҳаррири хурд дар телевизиони Тоҷикистон ба кор шурўъ карда, дар муддати 18 соли фаъолияти эҷодӣ ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор», сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ, барномаҳои сиёсӣ, директори идораи барномаҳои телевизиони Тоҷикистон, ҷонишини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1995 ба сифати мушовири раиси Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «Мир» дар шаҳри Маскав адои вазифа кард.
Дар ин давра вазифаи муовини аввали раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба зимма дошт. Аз соли 2001 то охири соли 2016, яъне то қатъи фаъолияти ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии «Варорўд», сармуҳаррири он буд.
Бобоҷон Икромов хатмкардаи Мактаби олии сиёсии шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия аст. Соли 2004 ғолиби озмуни эҷодии байналмилалии «Русский мир» дар байни журналистони кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҷумҳурии назди Балтик эътироф шуда, соли 2008 барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Зеҳни миллат» («Интеллект наӣии») дар риштаи журналистика гардид. Соли 2004 «Варорўд» таҳти сарварии ў ба гирифтани ҷоизаи ҷумҳуриявии Иттифоқи ҷурна- листони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.
Китобҳои «Ашки сўзон», «Хотираҳои офтобӣ», «Ҷаҳон тан асту Тоҷикистон ҷон» (коркарди адабӣ), «Ситораҳо ҳам гиря мекунанд» («И звездқ плачут»), «Биҳишт бо дўст накўст» (мураттиб ва муҳаррири масъул), «Шаҳри ханда», «Хайём ва Путин», «Шамъи дар нимашаб фурўзон гашта», «Хандаборон», «Армони модар» ба қалами ў тааллуқ доранд. Муаллифи филми мустанади «Касби ман – муаллим» ва спектаклҳои телевизионии «Армони модар», «Дидор» ва «Ашки сўзон» мебошад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд ва 5 набера аст.
хушбахтона, бо устод Бобоҷон Икромов солҳои тўлонӣ ҳамроҳ дар як ҳафтанома фаъолият бурда, аз сабақҳои аввалини он кас баҳраманд гардидаву аз мактаби бузурги устод таҷрибаҳои зиёд гирифтаам. Инсони хеле дилсофу хушчақчақ ва беназиранд. Ҳар боре, ки вохўрем, бо ибораи «бачам», ки табииву самимона садо медиҳад, табъи ҳар нафарро болида месозад. Фориғ аз кор устод соатҳо дар бораи лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ нақлҳои аҷиб мекарданд. Аммо ин рўзҳо, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, хостам бо устод дар мавриди баргузории ин иҷлосияи таърихӣ ва нақши радиову телевизон суҳбат кунам.
–Ба андешаи Шумо сабабу омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон чиҳо буданд?
–Насими сиёсати бозсозии горбачёвӣ охири солҳои ҳаштодуми қарни бист дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд. Ошкорбаёнӣ ва демократия барин падидаҳои замони бозсозӣ фазои сиёсии кишварро тағйир доданд. Дар Тоҷикистон ҳизбҳои нави сиёсӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ ба фаъолият шуруъ намуда, ҷойгоҳи Ҳизби коммунистро танг ва нуфузашро коста гардониданд. Бахусус, баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол, мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аълояш расид. Ҳарчанд 9-уми сентябри соли 1991 парлумони кишвар Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард, вале ҳамоно муборизаҳо идома ёфтанд. Баъди он ки Қаҳҳор Маҳкамов аз ҷониби парлумони Тоҷикистон нахустин президенти мамлакат интихоб гардид, бо пойкўбии депутатҳои Шўрои Олӣ ва ҳизбҳои сиёсиву ҳаракатҳои мардумии Тоҷикистон дар кишвар маъракаи умумихалқӣ оид ба интихоби президент гузаронида шуд ва Раҳмон Набиев аввалин президенте буд, ки аз ҷониби мардум ба ин мақом интихоб гардид. Вале ин тадбир низ боиси муътадилии вазъияти сиёсии кишвар нашуд. Ана дар ҳамон лаҳзаи ҳассос, яъне моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори депутатҳо, рўшанфикрон ва ҷонибдорони ҳокимияти қонунӣ Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.
–Устод, Шумо ҳамон вақт дар куҷо ва бо чӣ кор машғул будед?
–То 5-уми майи соли 1992 шодравон профессор Атахон Сайфуллоев раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон буданд ва ман ба ҳайси муовини раис оид ба телевизион иҷрои вазифа мекардам.
–Даъвати иҷлосияи ХVI ба хотири чӣ буд ва чаро маҳз дар Хуҷанд, дар Қасри Арбоб баргузор гардид?
–Депутатҳое, ки ҷонибдори Ҳукумати конститутсионӣ буданд, ба ин табаддулот, яъне, таъсиси ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки таҳти таҳдиду фишор ташкил гардид, розӣ нашуда, эътироз баён карданд. Мақсади ягона – барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ буд. Бинобар ин, як гурўҳи депутатҳо ташаббус нишон дода гуфтанд, ки Иҷлосияро бояд баргузор намоем, зеро кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дорад. Вале дар он солҳо имконияти дар пойтахт баргузор кардани Иҷлосия набуд. Аз ин сабаб, бо пешниҳоду машварати депутатҳо ва шахсони бонуфузи Тоҷикистон Иҷлосия дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Ба ин ҷо аз тамоми манотиқи кишвар депутатҳо ҷамъ омаданд. Баъди баргузории он ва интихоби Раиси Шўрои Олӣ ҳама дар якҷоягӣ зери Парчам қасам хўрданд, ки мо як Ватан дорем ва ба хотири ояндаи нек ҳама бояд муттаҳид бошем. Раиси навинтихобшудаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҷони ман фидои ҳамин Ватану миллат аст. Бояд ба хотири якпорчагии Тоҷикистон ва ягонагии мардуми азияткашидаи кишвар ҳукумати қонуниро таъсис диҳем.
Хушбахтона, буданд нафароне, ки ҷонашонро дареғ надошта, пешниҳоди Сарвари давлатро пазируфтанд ва вазифаҳои пурмасъулияти давлатиро ба уҳда гирифтанд. Ҳамон рўзҳо бо пешниҳоди Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон депутатҳои Иҷлосия маро раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ интихоб карданд.
–Устод, воқеан оғози кор душвор буд. Вале он рўзҳо ҳама интизори оғози барномаҳои телевизионӣ буданд. Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо ба Шумо чӣ тавр муяссар шуд, ки фаъолияти радио ва телевизиони Тоҷикистонро роҳандозӣ кунед?
–Бале, воқеан дар замони ҷанг ба фаъолияти эҷодӣ шуруъ кардан дар баробари ҷонфидоӣ масъулиятро тақозо дошт ва инро мо хуб дарк мекардем. Бинобар ин, бо пешниҳоди Саидамир Зуҳуров мо бо ҳамроҳии кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ва сарбозони дивизияи 201-ум ба студияи телевизион раҳсипор шуда, баъди минарўбӣ вориди коргоҳ гардидем. Ногаҳон занги телефон баланд шуд. Гўширо бардошта, садои устод Мазҳабшо Муҳаббатшоевро шунидам. Ба он кас силоҳбадастон таҳдид доштанд. Вале бо кўмаки саривақтии сардори Раёсати зиддииктишофии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Фарҳод Маҳкамов устодро ҳам ба студияи телевизион оварданд. Соат чори бегаҳ буд, ки боз занги телефон баланд шуд. Зани ношиносе салом доду худро муаррифӣ кард: ман Мунаввара Мирхолова ҳастам, агар зарур бошад, ба Шумо кўмак намоям. Ман гуфтам: чаро не, дар ҷустуҷўи корманд ҳастам ва пурсидам, ки чӣ кор карда метавонед? Диктор шуда метавонам, ҷавоб дод ў. Кормандони амнияти миллӣ ўро низ бо зиреҳпўш ба студияи телевизион оварданд. Баъд ман матни баромади дикторро навиштам ва устод Муҳаббатшоев онро таҳрир намуданд. Ҳамин тавр, Мунаввара Мирхолова аввалин дикторе буд, ки баъди шикасти ҳукумати мусолиҳаи миллӣ аз телевизиони тоҷик садо баланд кард ва ин садоро мо дар як вақт тариқи радиои Тоҷикистон низ пахш кардем, ки муҳтавояш чунин буд: «Ассалому алайкум, тамошобинон ва шунавандагони азиз. Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард…». Бояд иқрор шуд, ки ин садоро он рўзҳо миллионҳо сокинони кишвар интизор буданд ва баъди баромади Мунаввара Мирхолова онҳо аз бори гарони парешониву ноумедӣ раҳо шуданд.
–Яъне, аз ҳамон рўз эътиборан дар кишвар ҳукумати қонунӣ барқарор шуд?
–Бале, ҳукумати конститутсионӣ бо вуҷуди хатарҳои зиёд ва сарусадоҳои беасос ба фаъолият шуруъ намуд. Онҳое, ки даъво доштанд, ин ҳукумат умри се-чоррўза дорад, иштибоҳи ҷиддӣ карданд. Ҳукумати қонунӣ бо сарварии ҷавонмарди далеру кордон Эмомалӣ Раҳмон пайваста фаъолият карда, дар таъмини сулҳи саросарии кишвар, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамон - Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошт. Таҳкурсие, ки дар он солҳо давлат ва Ҳукумат барои пойдории Тоҷикистон эҷод карда буд, хеле мустаҳкам ва қавӣ аст. Исботи ин андешаҳоро мо дар кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азияткашидаи тоҷик мебинем, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аз ҷониби мамлакатҳои ҷаҳон эътироф гардида, дар ҳоли рушду пешравӣ аст.
–Бо ин қадар корнамоиҳо боз Шумо хоксоред, устод. Ягон унвон доред?
–На. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ман супориши Сардори давлатро иҷро кардам ва хушбахтиам дар он аст, ки дар қатори дигарон андаке бошад ҳам, дар барпо шудани ҳокимияти конститутсионӣ саҳмгирам. Яъне, эҳтироми мардум беҳтарин мукофоти зиндагии ман аст. Гузашта аз ин, ифтихор аз он дорам, ки касби рўзноманигориро пеша намуда, рисолати таърихии худро иҷро кардаам.
Суҳбатнигор
Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»