Хушрўзиву саодатмандӣ

 

 

 

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим аксари мардуми вилоятро шод сохт, зеро дигаргуниҳои воридшуда барои сокинон муҳим буда, аҳамияти калон доранд. Инак, андешаҳои ҳамсуҳбатони мо:

Малоҳат Тўхтаева - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

-Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» худ қадаме барои ояндаи дурахшон буд, зеро пас аз қабул гаштани қонун шод шудам. Ман модари панҷ духтару ду писар ҳастам. Барои ба хонаи шавҳар гусел кардани фарзандонам хеле азоб кашидам. Зеро пеш аз қабули қонун тўйҳои пурдабдабаю серодамро гузаронидан басо вазнин буд. Шавҳарам аз харҷи зиёди тўй дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ хаставу корзада шуда буданд, “аз дигарон монданӣ надорам” - гўён ба тамоми наздикону дўстонашон тўй карда медоданд. Ҳама буду набуд, маблағи ёфтаамон барои тўй сарф мешуду пасон боз ба сафар мебаромаданд. Масалан, соли 2003 дар маросими ақди никоҳ 16 мошини сабукрав фармоиш дода будем.

Моҳҳои наздик тўйи хонадоршавии фарзандам аст. Гумон дорам, ки ин навбат барои барпо намудани он маблағи зиёд сарф намешавад. Ин ҳама ба шарофати ғамхории Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рў, мехоҳам миннатдории хешро баён созам.

Хайрулло Эгамов - сокини ноҳияи Деваштич:

-Миллати тоҷикро аз қадимулайём ҳамчун миллати фарҳангпарвару хирадманд мешиносанд. Имрўз шоҳиди он гаштаем, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд. Бароям тағйирот дар маросими дафн ва азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом писанд омад. Чанде пеш бибиам чашм аз олами ҳастӣ пўшиданд ва дар ҳайрат будам, ки ба ҷойи мотам доштан аҳли оила, хешону пайвандон бо таомхўриву забҳи чорво машғуланд. Азбаски оилаам зиндагии фақирона дорад, дар гузаронидани ин маросим аз набудани маблағ танқисӣ кашидем ва ночор аз бонк қарз гирифтем. Ташаккур, ба Роҳбари давлати мо, ки сари вақт тағйироти мазкурро ворид карданд, зеро дар рўзи мотам, вақте падару модар, хоҳару додар ва ё фарзанди касе вафот кардаасту ба ҷойи азодорӣ мардум таомхўрӣ мекунанд, ин рафтор аз чаҳорчўбаи одамӣ берун аст.

Роҳатой Пўлодова - сокини ноҳияи Спитамен:

 -Вақте калимаи «ақиқа»-ро мешунавам, ба ҳайрат меоям, ки мардум аз куҷо ин намуди маросимро дарёфт кардаанд. Имрўз барои кўдаки навзоде, ки ҳоло хеле хурд аст, чорво забҳ карда, хатна мекунанд. Ҳодисае, ки бо кўдаки навзодам ба вуқуъ пайваст, то ҳол маро ором намегузорад. «Ақиқа» мекунем, - гўён хушдоману шавҳарам кўдаки навзодамро маъюб карданд, зеро бе ташхису муолиҷа ва бе маслиҳати мутахассисони соҳаи тиб ўро хатна карданд. Тўли ду рўз кўдакчаам пойи росташро ҷунбонида натавонист. Пас аз ташхис маълум гардид, ки тифлам дар вақти таваллуд ба майнаи сараш осеб гирифтааст ва гузаронидани хатна ба кўдаки осебдида номумкин аст. Ақиқа сабаб гашту аз шавҳарам ҷудо шудам, зеро маъюбии фарзандамро аз ман домангир шуд, гумон кард, ки ман фарзанди маъюбро тавлид кардаам. Аз ҳамон рўз инҷониб кўдакамро муолиҷа мекунам. Дусола шудаасту то ҳол пойҳояшро мустаҳкам дошта, роҳ гашта наметавонад. Аз ин рў, манъи маъракаи ақиқа бароям хурсандӣ бахшид.

Бале, мегўянд, ки ҳақиқат қат шавад ҳам, намешиканад. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кўдаке маъюбу оилае вайрон нахоҳад шуд. Ин тадбир ва чораандешӣ ҳадафманд мебошад.

Шаҳбону ОЛИМӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh