Ҳанг дар боғи фарҳанг
- Details
- Published on Thursday, 19 October 2017 14:30
Ба таваҷҷуҳи Комил Cалимзода - раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов
Агар воқеан соҳаи фарҳанг бетаваҷҷуҳ монад, аз он ҳанг боқӣ мемонаду халос. Мисоли ин гуфтаро мо дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Ҷаббор Расулов шоҳид шудем, ки макони мазкур ҳоли риққатбору валангор дорад. Ба ҷуз ин, агар афроди тасодуфӣ ва танбалу беиқдом ба ин гуна ҷойҳо мутасаддӣ шаванд, вой бар ҳоли замину замон!
Зеботарин боғ безебтарин доғ шудааст
Агар ба таърихи начандон дуртари боғи фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулов назар афканем, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ, таъмини об ва кабудизоркуниву доро будани ниҳолҳои сояафкан шояд яке аз мусоидтарин ва зеботарин боғҳои фарҳангии вилояти Суғд ба шумор мерафт. Аз як дид эҳсос кардан мумкин, ки дарахтҳои рангобаранги он дар гузашта хеле ҷои фароғатии сокинон будааст. Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷумҳурӣ аввалин ноҳияест, ки дар он ҷо хатти роҳи оҳан ва вокзал созмон дода шудааст.
Яке аз ноҳияҳои саноатӣ ба шумор рафта, дар солҳои ибтидои Шўравӣ меҳвари рушди маданияти шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Зеро, кўчиши бемайлони мутахассисони русу тотор ва дигар миллат аз тамоми гўшаву канор маҳз аввалан ба ҳамин ноҳия сурат гирифтааст. Аз ин лиҳоз, бешак дар шаҳрсозӣ ва инфрасохтор аз дигар ноҳияҳои ҳамсоя зеботару замонавитар аст.
Аммо сад афсўс дар ноҳияи овозадор ҳоли табоҳи боғи фарҳангии он шакку тардидеро ба миён меоварад, ки наход то ҳамин дараҷа бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар ноҳия ба авҷи аълояш расида бошад?
Дар боздиди нахустини мо, ки шаш моҳ қабл сурат гирифта буд, боғ ҳолати валангор дошт. Он лаҳза гумон карда будем, ки шояд бахшида ба чорабиниҳои тобистонӣ (Иди кўдакон, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ғайра) масъулини боғ таъмири куллиро аз сар мегузаронанд ва барои фароғати мардум шароити мусоидро фароҳам меоваранд. Ҳанўз дар сафари нахуст баҳои мо чунин буд, ки яке аз зеботарин боғҳои вилоят ба яке аз безебтарин доғҳои вилоят табдил шудааст. Он лаҳза ростӣ, умед доштем. Аммо, афсўс...
Аз миён шаш моҳ гузашт…
Моҳи октябри соли равон бо тақозои кори эҷодӣ гузорамон боз ба боғи фарҳангии ноҳия афтод. Ҳолате, ки шаш моҳ қабл дида будем, бадтар шудаасту беҳтар не. Рангҳои ороишии аттраксионҳо аз таъсири борону офтоб хеле хираву дилгиркунандатар аз пеш шудааст. Фарқияти бисёр аҷиб, ки қаблан надида будем: байни аттраксиони «Юнга» ва чархофалак як партовгоҳе пайдо шудааст, ки дилбеҳузуркунанда ба назар мерасад. Макони истироҳати пашшаву пашшачаҳо шудааст. Саге низ дар он ҷо гаштугузор мекард. Аз рўи гуфтаи шоҳидони ҳол баъзан шабона сокинони гирду атрофи боғи фарҳангӣ партовҳои худро оварда мепартофтаанд. Ана ёбу гир, шаҳри бедарвоза! Касе назорат намекунад.
Ҳангоми ташрифи мо дар боғ танҳо боғбон ҳамроҳи ҳамсараш ҳузур доштанд. Дар куҷо будани сарвари боғи фарҳангро пурсон шудем. Гуфт, ки гўё ба шаҳри Хуҷанд бо зарурате рафтааст. Аз шаш атраксионе, ки дар боғ дида мешавад, имрўз ягонтои он кор намекунад. Ҳатто чархофалак, ки ба гуфтаи боғбон гўё кор мекунад, аммо ҳам дафъаи гузашта ва ҳам дар ташрифи дуввумамон онро ҳангоми кораш надидем. Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Маълумки кор намекунад ва ин худсафедкуние беш нест.
Боқӣ каруселҳо ва арғунчакҳо низ хеле ҳоли табоҳ дошта, ба ягон стандарт ҷавобгў набуданд. Мутаассифона, дар сафари гузашта низ ҳамин гуна корношоям буданд ва инак, боз бо ҳамон ҳолати қаблӣ боқӣ мондаанд. Рангҳои паридаву тунукаҳои лабу лунҷаш даридаи мошинчаи давракзананда боз як манзараи даҳшате буд, ки даруни нишастгоҳҳояш халтаҳои селофании пур аз партов ба назар мерасиданд.
Таъкидҳои Раиси вилоят ва бемасъулиятии масъулин
Моҳи марти соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамъомади махсус ба тамоми раисони шаҳру навоҳӣ ва муовинони онҳо дар Боғи Камоли Хуҷандӣ, таъкид карда буданд, ки бояд тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мисли ин боғ гулистону гулрез шаванд.
Ба хусус, маҳз дар Боғи Камоли Хуҷандӣ гўшрас кардани чунин матлаб мазмуни бечунучаро иҷрои он буд. Аммо ба назар мерасад, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов истиқбол аз гуфтаҳои Раиси вилоят он қадар ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст. Мисоли оддитарин ва барҷастатарини он дар боғи фарҳангии ноҳия аст, ки ихлоси ҳар меҳмони бори нахуст омадаро комилан сард мегардонад.
Итминон дорем, ки масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин машварат ширкат доштанд. Аммо саволи аҷибу нокушодае боқӣ мемонад, ки чаро боғи ноҳия ҳоли табоҳ дорад? Оё он соҳиб дорад ё не? Агар соҳиб дошта бошад, чаро имрўз вазъияти ногуворе гиребонгири боғи фарҳангист?
Боғро ба касе никоҳ намекунанд-ку…
Тибқи иттилои расида аз шуъбаи фарҳанги ноҳия боғи фарҳангию фароғатӣ ба Камолиддин Раҳматов ном шаҳрванде тариқи шартнома ба муддати даҳ сол дода шудааст, ки он аз соли 2013 то 2023 гўё тўлоният доштааст. Тасаввур кунед, ки агар аз шартнома чор соли расо сипарӣ шудаасту ҳол тамоман дилгиркунанда бошад, намедонем соли 2023 ба кадом ҳол омада мерасад? Тавре дар боло гуфтем, агар аҳвол ба ин минвол идома ёфтан гирад, аз боғи фарҳангӣ танҳо ҳанг мемонаду халос ва он ба биёбони хушки Сахара айнан монанд хоҳад шуд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро шуъбаи фарҳанги ноҳия дар ин росто ягон чораҷўӣ намекунад? Агар баҳона ин бошад, ки шаҳрванд Раҳматов онро ба 10 сол тариқи шартнома гирифтааст, ин мазмуни онро надорад, ки боғ ба мавсуф никоҳ карда шудаасту ҳар номаъқулие хоҳад, кардан мегирад. Масъулини муҳтарам, шумо ба куҷо нигоҳ мекунед? Дар миёнҷои боғи фарҳангӣ притсепи зангзадаи холии трактор худ гувоҳи он аст, ки назорат ба боғ чӣ гуна аст. Мутаассуф, ҳангоми сафари мо мудири шуъбаи фарҳанг дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштаву Раҳматов гўё дар ким-куҷое баҳри корҳои худаш андармон будааст. Борҳо занг задани мо низ кўшиши бесамар буд ва натавонистем, ки ҳадди ақал бо он кас дар тамос шавем.
Акмал Азимов-мутахассиси бахши фарҳанги ноҳия низ ҳангоми ташрифи мо ба боғ шоҳид буд, ки чӣ қадар ин макони фарҳангиву фароғатӣ ҳолати ногувору дилхароше дорад. Вазъияти театри тобистонаи боғ боз як манзараи риққатовари дигарест. Маълум, ки он ҷо низ боре ғамхорӣ ва қадами мубораки масъулинро надидааст. Зеро, рангҳои паридаи он гувоҳи беназорату беғамхорӣ монданашро бо забони ҳол тарҷумонӣ мекард.
Мо надонем, масъулин надонанд, пас кӣ медонад?
Аз ҳама нуктаи муҳим дар васати боғ девори ҳавлие дида мешавад, ки ба шакли уреб аз ҳисоби замини боғ манзили истиқоматӣ пўшида шудааст. Намедонем нақшаи генералии боғ чӣ гуна аст, аммо ин чиз низ таҳқиқи алоҳида мехоҳад, ки оё воқеан он хонаи шахсии сокини ҳамсоя аз ҳисоби замини боғ сохта шудааст ё хайр? Бигзор ба ин суол масъулини ноҳия посух гўянд. Ҳол он ки тибқи ҳуҷҷат боғи фарҳангӣ шаш гектар масоҳат дошта, дар як назар метавон ба хулосае расид, ки аз чор тараф масоҳати боғ андак-андак ҳар сол тангтар мешавад. Оё дар ин бора масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов андеша кардаанд?
Боз як нуктаи дигари дардоваре ба чашм мерасад, ки дар ягон ҷои боғ гулҳои ороишии на тобистона ва на зимистона дида намешавад. Ҳол он ки аксари ноҳияву шаҳрҳои вилоят аллакай гулкарамҳои хоси ба сардӣ тобоварро шинонидаву парваридаанд. Дар боғи мазкур бошад, баъди дарав кардани баргу пояи ҷуворӣ ва ҷуворимакка паяҳои он боқӣ монда, ба ҳар як бинанда маълуму равшан нишон медиҳад, ки ҳатто дар мавсими тобистон низ гулкорӣ нашудааст. Гулкарам он сў истад!
Метавон ба натиҷа расид, масъуле, ки боғро ба 10 сол ба шартнома гирифтааст, танҳо муносибаташ мисли директори як хоҷагии деҳқониест, ки на ба хотири гулкорӣ, балки ба хотири захираи алафи хушк барои чорво ин боғи фарҳангиву фароғатиро соҳибӣ кардаасту бас. Дар ин сурат ҳеҷ маълум нашуд, ки шуъбаи фарҳанги ноҳия ба кадом хотир боғро тариқи шартнома ба шаҳрванде супоридааст.
Вақте аз масъулини шуъбаи фарҳанг суол кардем, ки мавсуф бо кӣ шартнома бастааст, посух низ аҷибу оддӣ буд: намедонем! Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ гуфтанд: намедонем! Агар масъулини мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи фарҳанг надонанд, мо аз куҷо донем?
Яке фарзия кард, ки шартнома бо хоҷагии коммуналӣ баста шудааст. Мо низ ҳайронем, ки хоҷагии коммуналӣ чӣ рабте ва ё ҳуқуқе дорад, ки боғи фарҳангии мутааллиқ ба шуъбаи фарҳангро тариқи шартнома ба касе диҳад? Бори дигар: ҳисобатро ёбу гир! Агар муносибати масъулин бо боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, ки шиноснома ва намои шаҳрдорӣ аст, чунин бошад, мо чӣ гўем?
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд-Ҷаббор Расулов-Хуҷанд