Чаро обунаро бо чашми кам менигарем?

Бобати рўзнома нахондани мардуми тоҷик ва ба ҷурналистон ҳамчун объекти «пулкоркунӣ» назар кардани аксариятро дар ишораҳои намакини абармарди воқеан дилсўзи миллати тоҷик - устод Садриддин Саидмуродович Айнӣ мебинам. Бо гузашти тақрибан сад сол ҳанўз гуфтаҳои устод Айнӣ дар бобати рўзнома нахондани миллати тоҷик асос дорад ва ба назар мерасад, ки гўиё ҳанўз Садриддин Айнӣ зинда дар ҳаёт аст ва рўзнома нахондани миллати моро бо афсўс мушоҳида мекунад.

Устод Айнӣ низ танқид карда буд…

Мақолаи «Сайф ва қалам»-и устод Айнӣ гуфтаи болоиро тақвият медиҳад. Инак, мавсими обуна ба рўзномаву дигар ҷаридаҳои давр дар шавқу ҷўш аст, бархе тангназарон онро «обунаи иҷборӣ» унвон мекунанд, ки дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳар лаҳзаву ҳар соат «гилаву ҷингила»-и иғвогаронаи баъзеҳоро метавон хонду шоҳид шуд. Мутаассифона, гилаҳо бо ишораҳои «обунаи иҷборӣ» бештар аз сокинони вилояти Суғд дар сомонаҳо чарх мезананд, ки маҳз ин нуктаро ҳанўз дар оғози пайдоиши Иттиҳоди Шўравӣ Садриддин Айнӣ рўзномабезорӣ унвон карда ва рўзнома нахондани мардуми вилояти моро зери танқид гирифта буд. Бовар намекунед? Марҳамат, диққат диҳед!

- … Хусусан, рўзномаи форсӣ, гўё хонанда надорад. Чунончӣ, аз як сол зиёд аст, барои форсизабонони Туркистон маҷмуаи «Шуълаи инқилоб» нашр мешавад. Аз шаҳри Самарқанд иддае хонанда дорад, ки эшон низ ба воситаи саъю кўшиши саркорони ҳукумат ва фирқа ба майдон омадаанд. Аз сойири аҳолии форсизабонон, ки дар Ўротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷуҳе надидаем. Ин камоли беэътиноии ҳамзабонони моро нишон медиҳад,-гуфта буд устод Айнӣ дар мақолаи машҳураш «Сайф ва қалам».

Ба хулоса мерасам, ки имрўзҳо аксарият обуна ба рўзномаҳои давр, аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Ҳақиқати Суғд», «Сухани халқ» ва ғайраҳоро айнан бо таъбири устод Айнӣ, ки гуфта буд, ҳамчун объекти пулкоркунӣ мепиндоранд. Тавре Айнии бузургвор дар мақолаи «Танвири афкор» бо дарду андўҳи гарон мегўяд:

- Дар зарфи дусола инқилоб бадбахтона, мо, форсиён (манзур тоҷикон Н.С.) ҳанўз дар кўчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем, ҳанўз матбуот ва рўзномаро асбоби пулгирии ҷариданависон (яъне ҷурналистон Н.С.) мепиндорем».

Яке аз мудирони кафедраи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки овардани ному насабашро салоҳ намедонам, дар маҳфиле аз ман пурсид:

-Суннатӣ, алъон дар куҷо кор мекунед?

-Дар «Ҳақиқати Суғд», - посух додам.

Ӯ ҳайрон шуду китф дарҳам кашид ва ахиран ба айби худаш иқрор шуд:

-Аз ин бармеояд, ки ман рўзнома намехондаам.

Тасаввур кунед, олими шинохта вақте рўзнома намехонад, аз донишҷўён чӣ ҷои гила? Дар он сурат насли ояндаи миллат, ки аз фонди донишҷўён асосан ҳисоб мешавад, чӣ гуна босавод шавад?

Вақте зиёиёни мо рўзнома намехонанд ва маъракаи обунашавиро як маъракаи иҷбориву пулкоркунӣ меноманд, аз дигар қишри ҷомеа ҷои гилае нест. Шояд ин гуна афрод лак андар лаканд, ки рўзнома намехонанд ва бо гузашти тақрибан як аср аз гуфтаҳои устод Айнӣ бармеояд, ки то рўзнома намехонем, аз кўлборамон бўйи бесаводӣ хоҳад омад.

Метавон ба натиҷа расид, ки нахондани рўзнома ва рўзномабезорӣ тавре Айнӣ гиламанд шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои мо аз аввал то ба имрўз «мерос» монда будааст. Мутаассифона…

Обуна бад нест, бадӣ он аст, ки аз он бадгўӣ мекунем

Агар сидқан ба гузаштаи начандон дур, яъне айёми Шўравӣ назар кунем, тамоми қишри ҷомеа босавод буд. Дар баҳсҳо ҳама зинаҳои сокинони Шўравӣ ба таври равшан фикрашонро баён карда метавонистанд.

Соҳибназарон иддао доранд, ки сабаби босаводии мардум аз бештар мутолиа кардан будааст. Дар қиболи ин, имрўзҳо мутолиа он сў истад, борҳо шоҳид шудаем, ки агар яке аз ҷавонон мабодо рўзнома хонда монад, аз ҷониби дўстони дигараш бо истилоҳҳои «ботаник»-у «вундеркин» ва ғайра мавриди масхараву мазоҳ қарор мегирад.

Ҳатто, имрўзҳо бархе аз афроди бебунёди гўё «интеллигент», ки худро олиму шоиру рўшанфикр эълон доштаанд, дар сафҳаҳои расонаҳои иҷтимоиашон аз маъракаи обуна бо лаҳни шадид интиқод карда истодаанд.

Агар ба 30-40 сол қаблтар назар кунем, ҳама обуна мешуданд: чӣ дар макотиб ва чӣ дар корхонаҳо ва чӣ худи шаҳрвандон мустақиман ва ихтиёран. Ҳама дониши хуб доштанд. Ёд дорам, ки ҳангоми мактабхониам ҳар як аз мо чор нафар акаву уко ба се-чор рўзномаву маҷалла обуна мешудем. Баръакс, маъракаи обуна як маъракаи идона буду касе аз он гилаву ҷингила намекард. Зеро, ҳама коғаз не, балки дониш мехаридем. Ҳеҷ ҷои бадӣ надошту ва имрўз ҳам надорад.

Аммо алъон чӣ? Ба маъракаи обуна пичингпаррониву гўё даъвои озодиву боз ким-кадом ҳангомаҳои беасос. Имрўз онҳое, ки даъвои озодӣ мекунанд, гўё набояд мардум рўзнома бихаранд. Яъне, аз ин ҳангомаҳо бармеояд, ки мардум рўзнома нахонанд ва бесавод шаванд? Албатта, дар паси чунин бадгўиҳо хоҷагони бурунмарзие меистанд, ки бо баҳонаи озодии фитриву ҳуқуқиву боз ким-кадом даъвоҳои озодии шаҳрвандӣ мардуми моро бесавод кардан мехоҳанд.

Аммо дар ин росто дар Аврупо дар як рўз чанд тоннае, ки мардумаш газета хонанд, мо ҳамон қадар ошу шашлику нон мехўрем. Дар ҳама давру замон аз рўзнома дурӣ меҷўем. Тавре Айнӣ гуфта буд, то мо рўзнома нахонем, рўзи хуширо намебинем. Кош, имрўз Айнӣ зинда мебуду бори дигар бо мақолаи «Акнун навбати қалам аст» ба муддаиёни озодиву бесаводӣ мегуфт:

«Ин як қазияи аз офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хатту савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳем монд».

Шаҳру ноҳияҳо: кадоме пешсаф ва кадоме қафомонда?

Ба иттилои КВД «Тоҷикматбуот» ба рўзи 17 октябри соли равон маъракаи обуна дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хеле ташвишовар аст. Масалан, шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Конибодом, Масчо, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Деваштич дар маъракаи обуна қафомондатаринҳо ҳисоб меёбанд, ки бисёр ҷои таассуф аст. Дар қиболи ин шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ дар қатори пешсафҳо шомил мешаванд, ки як андоза хушҳолкунанда аст. Аммо ҳанўз маъракаи обуна идома дошта, шаҳру ноҳияҳои қафомонда имкон доранд, ки вазъиятро ислоҳ кунанд. Вагарна, тавре устод Айнӣ гуфта буд, айнан ҳамон шаҳру ноҳияҳое кам рўзнома мехонанд, ки кам обуна шудаанд.

Бар алайҳи онҳое, ки даъвои ба ном озодиву тараннуми рўзномабезорӣ мекунанд, бигзор дастгоҳҳои идеологияи давлатӣ боз ҳам обунаро ба таври бештар аз пештар тарғибу ташвиқ бояд кунанд. Савод аз рўзнома сар мешавад. Китобҳо низ аз рўзнома иқтибос мегиранд. Олимон ҳангоми таълифи рисолаҳои арзишмандашон низ омада, соатҳо дар бойгонии рўзнома вақташонро сарф карда, баъд китоб менависанд.

Аммо чаро мо рўзнома намехонем ва имрўзҳо маъракаи обунаро, ки як манбаи дониши сиёсиву иқтисодиву иҷтимоист, бо валвалаи бебунёд бадном мекунем? Ин суолест, ки барои зеҳни ман ба таври абадӣ нокушода боқӣ мондааст. Ё интиқоди Айнӣ аз рўзномабезории мо дуруст аст?

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh