Омўзиши ҳунар ва малакаву маҳорат

Аз 25 то 27 октябри соли равон семинари омўзишии вилоятӣ оид ба атласу адрасбофӣ, қуроқдўзӣ, зардўзӣ, қолинбофӣ ва сўзанидўзӣ бо иштироки ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд.

Бино ба иттилои масъулин семинари мазкур дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардида, барои рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар семинар 60 нафар ҳунармандони ҷавон таи се рўз дар КВДК «Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳунармандони номӣ асрори атласу адрасбофиро омўхтанд.

Дар рўзи дуюми семинар баҳри баланд бардоштани малакаи касбии хеш иштирокчиён аз Муассисаи давлатии Қасри маданияти «Арбоб» дидан намуда, бо ҳунармандони Маркази атласу адрасбофии дастии «Арбоб» аз наздик шинос шуданд. Инчунин, иштирокчиёни семинар Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии «Истиқлол», Осорхонаи таърихӣ ва Боғи Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд бо мароқи том тамошо карданд.

Рўзи сеюми семинар бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Фарзона барномаи фарҳангӣ доир гардид. Инчунин, дар рафти ин чорабинӣ ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» табодули афкор ба миён омад.

Барномаи консертӣ анҷомбахши семинари вилоятӣ гашт.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh