Нигоҳе ба таърих ва фарҳанги ниёгон

Солҳои роҳбарии Ҷаббор Расулов санъати театрӣ хеле инкишоф ёфт. Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои рақсӣ ва эстрадӣ, театрҳои касбӣ ва халқии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомуваффақият амал карда, намоишномаҳо ва барномаҳои ҷолиби консертиро ба маърази тамошобинон гузоштанд.

Дар театрҳои ҷумҳурӣ асарҳои классикони ҷаҳонӣ, асарҳои нависандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод, адибони мамлакатҳои хориҷӣ ва асарҳои драматургони тоҷик ба саҳна гузошта шуданд.

Дар тӯли фаъолияти Ҷаббор Расулов ба таҷлили ҷашну маросимҳои симоҳои машҳури илму адаб ва фарҳангу санъати тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, барои дар сатҳи баланд созмон додани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешид. Бо қарори ЮНЕСКО баргузор шудани ҷашнҳои 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ (соли 1978) ва 1000 –солагии Абуали ибни Сино (соли 1981) баҳри собит сохтани волоияти тамаддуну фарҳанг, илму адаби миллат ва ба ин васила боло бурдани обрӯ, нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллӣ мусоидат карданд.

Ҷаббор Расулов барои пойдор намудани дӯстии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инкишофи робитаҳои мутақобилаи фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо хизмати бузурге кардааст. Ташкил ва баргузор намудани даҳа, ҳафта ва рӯзҳои санъату адабиёти тоҷик дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва манзури мардуми ин кишварҳо гардондани фарҳангу ҳунари бойи халқи тоҷик ҳамеша дар мадди назари Ҷаббор Расулов қарор дошт. Намоиши дастоварду комёбиҳои адабиёту санъат, боздидҳои ҳунармандон, ҳамкориҳои судбахши адибон ва гуруҳҳои ҳунарӣ маҳз тавассути баргузории чунин чорабиниҳои мӯҳташами фарҳангӣ амалӣ гардиданд.

Баргузории даҳаю ҳафтаҳои адабиёту санъат ва рӯзҳои фарзанди Украина ( 1961), қирғиз (1961,1976), озар (1962), қазоқ (1963), белорус (1965), Федератсияи Русия (1967), ӯзбек (1968), литвонӣ (1969), арман (1972) дар Тоҷикистон ва даҳаю ҳафта ва рӯзҳои адабиёту санъати тоҷик дар Украина (1962), Қирғизистон (1962), Федератсияи Русия (1966), Молдавия (1967), Литва (1970), Арманистон (1975), ӯзбекистон (1981) барои таҳкими робитаи мутақобилаю адабию фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, эҷоду тарҷума ва нашри беҳтарин осори илмию адабӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварданд.

Бо ташаббуси шахсии Ҷаббор Расулов ҳар сол дар кумитаи марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бо арбобони санъат ва адибону шоирони намоёни Тоҷикистон, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Сотим Уғулзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Мӯъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Борис Кимёгаров, Хушвақт Хушватов ва дигарон  мулоқоти тӯлонӣ баргузор мегардид. ҳар кадоми онҳоро бо мароқ гӯш мекард, эродҳо ва пешниҳодҳояшонро ба эътибор мегирифт ва роҷеъ ба инкишофи маданияти миллат қарорҳои муфид қабул мекард. Хуб аст, ки ҳоло ин анъанаро Эмомалӣ Раҳмон давом медиҳанд ва бо зиёиён робитаи мунтазам доранд.

Барои қадрнамоӣ ва ҳавасманд гардонидани аҳли илму адаб, арбобони санъату ҳунар, бо ибтикори Ҷаббор Расулов як қатор мукофотҳои давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, соли 1963 мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ созмон дода шуд, ки ҳамчун мукофоти олии ҷумҳурӣ барои комёбиҳои намоён дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ то имрӯз амал мекунад. Санъаткорону ҳунармандони тоҷик, аз қабили Г.Завқибеков, (1965), Аҳмад Бобоқулов, Мирзораҳмон Олимов, Малика Собирова, Музаффар Бурҳонов (1967), Аслӣ Бурҳонов (1970) аз аввалинҳо шуда сазовори ин мукофот гардиданд.

Таъсиси як қатор осорхонаҳои адибони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз қабили Осорхонаи Садриддин Айнӣ (1963), Осорхонаи Абдулқосим Лоҳутӣ (1981), Осорхонаи Сайдалӣ Вализода (1981), ташкили Осорхонаи таъриху кишваршиносии Кӯлоб (с.1968), ташкили фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод, Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент ва дар заминаи онҳо ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои миллию умумибашарӣ, аз силсилаи корҳое буданд, ки Ҷаббор Расулов таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд.

Ҷаббор Расулов ҳамчун роҳбари кордон, шахси дурандеш ва соҳибмаърифат кӯшиш мекард, ки ягон паҳлӯи ҳаёти мардум аз мадди назар дур намонад. ӯ хуб мефаҳмид, ки фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад.

Солҳои 60-70 соҳаи табъу нашри ҷумҳурӣ ба комёбиҳои беназир муваффақ шуд. Фаъолияти нашриёту матбааҳо беҳтар гардид. Ноширони тоҷик ба нашри беҳтарин осори классикони тоҷик шурӯъ карданд. Теъдоди нашри адабиёти бадеӣ ва бачагонаи тоҷик, осори нависандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод ва кишварҳои хориҷӣ тадриҷан афзуданд. Масалан, танҳо соли 1964 дар ҷумҳурӣ 636 номгӯи китоб бо адади 4 млн. 854 ҳазор нусха интишор ёфт. Маҳз дар солҳои 60-ум «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ, куллиёти Абдусалом Деҳотӣ ва адибони дигари тоҷик чоп шуданд. Ёдовар шудани дӯстиву рафоқати тарафайни Ҷаббор Расулов ва адибони маъруфи халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода як нав нишони эҳтирому ғамхории рӯзафзуни роҳбари софдилу хирадманди тоҷикон нисбат ба аҳли қалам мебошад. Он солҳо адибони тоҷик дар баробари эҷоди асарҳои пурарзиш дар идоракунии давлат ва роҳбарони ҷумҳурӣ кӯмаки калон мерасониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нависандагон, рассомон, бастакорон, кинематографистон, устодони саҳнаи ҳунар баробари ҳаёт қадам мегузоштанд. Мулоқоти эҷодӣ бо меҳнаткашон дар сохтмонҳо ва корхонаҳо, дар колхозу совхозҳо, намоишҳо ба онҳо барои дурустар, равшантар ва ба таври эътимодбахш баён намудани мавзӯъҳои имрӯза ва офаридани асарҳои таассуротбахш дар бораи меҳнати қаҳрамононаи пешқадамону пешсафони панҷсола кӯмак мерасонанд.

Хушрўз ТЕМИРОВ, докторанти
факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh