Сайри олами нафосат
- Details
- Published on Tuesday, 31 October 2017 15:32
Чуноне иттилоъ дода будем, санаҳои 25-27 октябри соли 2017 як гурўҳ ҳунармандони шаҳру навоҳӣ дар Истироҳатгоҳи солимгардонии кўдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи «20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба омўзиши ҳунарҳои халқӣ, аз қабили адрасбофию сўзанидўзӣ, зардўзию қолинбофӣ машғул шуда, байни ҳам мубодилаи таҷриба карданд ва дар як вақт дўстию рафоқати хешро мустаҳкам намуданд.
Андешаҳои иштирокдорони семинар гуногун буда, ҳар яке аз баргузории чунин курсҳои омўзишӣ изҳори ақида намуданд. Фишурдаи суҳбати мо бо ҳунармандони вилоят барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳунарҳои қадимаи миллӣ мусоидатгар хоҳад буд.
Сармутахассиси муассисаи давлатии Маркази эҳё ва рушди адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ Салимабону Каримова иброз медорад, ки мақсади баргузории семинари мазкур дар баробари таҷрибаандўзӣ эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомўзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мебошад.
Сафина Ҳофиззода иштирокчии кўчактарини семинари мазкур маҳсуб меёбад. Ў хонандаи синфи панҷуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27-уми Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ аст. Дар хонадон фарзанди калонӣ буда, аз модари ҳунармандаш Мавҷуда Ҳакимова нозукиҳои ҳунари адрасбофиро азхуд кардааст. Айни замон дар Маркази таълимию истеҳсолии «Сафина», ки дар ҳудуди ноҳия таъсис ёфтааст, фаъолият дорад. Сари се дастгоҳи адрасбофӣ занону духтарони мастчоҳӣ аз Сафинаву модараш нозукиҳои ин ҳунари волоро меомўзанд. Ў бар замми адрасбоф будан аз сеҳри сухану санъати шеъргўӣ огоҳ асту шеърҳои эҷодкардааш дар васфи адрасбофдухтарон, Ватан, модар, Пешвои миллат мебошад.
Мафтунабону Мамадҷонова зодаи Исфарамарз буда, хушбахт аз он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба камол мерасад. Аз рўзе, ки дар яке аз ноҳияҳои пойтахти кишварамон корхонаи саноатӣ ба фаъолият шуруъ карду Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он иштирок ва Мафтунаро сари дастгоҳи адрасбофӣ дида, барояш дуои нек доданд, шавқу завқи ҳунари пешакардааш боз ҳам бештар дар замираш боло гирифт. Вақте ўро ба ҳайси мураббӣ барои омўзонидани ҳунари адрасбофӣ ба занону духтарони Бадахшону Вахш вобаста карданду сари чаҳор дастгоҳ наздик понздаҳ нафар аз сеҳри адрасбофӣ бохабар шуданд, эътиқодаш нисбат ин ҳунар боло рафт.
Духтараки соҳибҳунар адрасбофиро аз ҳунармандони Маркази таълимию истеҳсолии «Дугонаҳо»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров омўхта, нахуст фаъолияти кориашро аз таъсиси маркази истеҳсоли адрасбофии «Файзи Навгилем» оғоз бахшид ва дар муддати кўтоҳ тавонист зиёда аз 20 шогирд тарбия намояд. Дар озмуни вилоятии «Дастони моҳир» сазовори ҷойи аввал ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо бофтани нақши матои «Лолача» сазовори мақоми саввум гардид. Мафтунахон дар баробари ишқу ҳаваси дўзандигиву адрасбофӣ доштанаш, дар оянда омўзгор шуданист. Алҳол донишҷўи соли аввали факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, аз устодони соҳибтаҷриба сабақи маърифат меомўзад.
Барои Гулнорахон Ортиқова ҳунари зардўзӣ аҷдодӣ аст. Аз хурдсолӣ аз модари омўзгораш Назирахону падари косибаш Акбархоҷа тарбияи хуб гирифтаву аз нозукиҳои ҳунарҳои қадима бохабар гашт. Ҳанўз дар синфи чорум мехонду назди волидайни соҳибҳунараш нишаста, ҳамроҳашон нақш мекашиду ранг мепартофт, медўхту аз ороишҳои ҳосилшуда завқ мекард. То нақшҳои кашидаву дўхтааш босифат бароянд, Гулнора хеле заҳмати зиёд мекашид. Нахустин маҳсули дастонаш дар намоишгоҳе, ки аз 52 давлати дунё меҳмонон иштирок доштанд, баҳои арзанда гирифт. Ҳангоми ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи Сайфи Исфарангии шаҳри Исфара тасвири кўза бо гулҳоро, ки тамоми нозукиҳои ҳунари зардўзӣ дар он корбаст шуда буд, намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуд. Ба даст гирифтани шаҳодатномаи «Зардўзи беҳтарин» дар озмуни ҳунармандони дастӣ, ки дар шаҳри Ўши Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, пайроҳаи ҳунарии Гулнорахонро ба олами зебоиофар боз ҳам фарох кард.
- Иштирок дар семинари вилоятӣ бароям хурсандибахш буд. Зеро аз олами зебоиофари дигар ҳунарҳои аҷдодӣ низ бохабар шудам. Ҳунарҳои қуроқбофию адрасбофӣ, қолинбофию сўзанидўзӣ низ нозукиҳои худро дошта, мо, ҳунармандон тавонистем байни худ мубодилаи таҷриба намоем. Бар замми ин, тамошои мавзеъҳои таърихии вилоят-Қасри Арбоб, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи шоир, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ бароям хеле мароқангез буданд, - иброз дошт Гулнорахони исфарагӣ.
Адрасбофи машҳури ноҳияи Айнӣ Мавзуна Ҳасанова аз модаркалону модараш асрори қуроқдўзию дўзандагиро ба хубӣ омўхта буд. Ҷиҳози арўсони деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ҳамеша бо дастони муъҷизаофари ин бонуи даҳ панҷааш ҳунар оро меёфтанд. Бо таъсиси Маркази истеҳсолии «Дугонаҳо» хост ин ҳунари аҷдодиро омўхта, маҳорати адрасбофиашро низ санҷад. Ба он муяссар ҳам шуд. Имрўз ҳамроҳаш панҷ гулдухтараш Зулолаву Нигора, Зулфираю Камола ва Шукронаи шашсола ҳам адрасбофӣ мекунанду рўзгорашонро тавассути ҳунари азхудкардаашон обод мегардонанд. Занону духтарони деҳаи Дашти қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Киштудаи шаҳраки Ревад аз ин бонуи соҳибҳунар адрасбофиро омўхтаанду барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои миллӣ заҳмат мекашанд.
- Баргузории семинари ҳунармандон бароям дари орзуҳоро кушод. Ҳангоми машғулиятҳо бохабар гардидем, ки адрасбофӣ нозукиҳои ба худ хос доштааст. Фаҳмида тавонистам, ки ҷилою нафосати бештари матоъ аз чист. Бар замми ин, нақшбандию йўрмакунӣ аз ҷониби ҳунармандон Монадҷон ва Иноятхон омўзонида шуд, ки мо, адрасбофон метавонем дар маҳалли зисти худ онро ҷорӣ намоем. Ҳарчанд ин намуди матоъбофӣ дар аввал душвор аст, аммо саъю кўшиш ва ғайрати беандоза метавонад моро ба қуллаи мақсуд бирасонад, - гуфт Мавзуна Ҳасанова.
Баргузори семинари омўзишию таҷрибаандўзӣ дар ҳақиқат олами навгониҳоро ба ҳунармандон во намуд. Аз ин пас зардўз метавонад адрасбоф бошаду қолинбоф дўзанда ва ё, баръакс. Аз ҳама муҳимаш, ҳеҷ як бонуи хонадон бекор намонда, бо шуғли писандидаи худ машғул хоҳад гашт. Мо ба ин имтинони комил дорем.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»