Арҷгузорӣ ба иқдомҳои наҷиб

Тақозои вазифаам зуд - зуд ба деҳоти ноҳия рафта, аз ҳоли оилаҳои камбизоат хабар мегирам, ба онҳо маҳсулоти озуқа мебарам, хона ба хона гашта, тифлони маъюбу бепарасторро ба рўихат мегирам, то минбаъд аз онҳо огаҳӣ дошта бошам.

Ин навбат дар деҳаи дурдасти Темурмалик, дар назди бунгоҳи тиббӣ бародари шафқат Ўктам Худойбердиев маро роҳбалад шуд. Утоқҳои кории бунгоҳро нишон дод. Табъам болида гашт, ки ҳуҷраҳои корӣ бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Навиштаҷот дар утоқҳо ҳама бо забони тоҷикианд.

 Ҳамроҳи бонувони фаъол барои аёдати оилаҳои камбизоат ва бачаҳои ятим ба якчанд хонадон рафтем.

Сипас, бо бонувони деҳа суҳбат кардам. Сокинон ҳарчанд аксар ўзбекзабонанд, вале бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ин исботи он аст, ки мардум баҳри пурра азхуд намудани забони давлатии худ кўшиш мекунанд.

Ба пурсишҳои бешумори занҳои деҳа ҷавоб дода, нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳои ба Қонуни танзим воридшуда оид ба ихчамии чандин расму оинҳо, маъракаи оилавӣ будани тўйи суннатиро фаҳмонидам. Апаи Боғидагул гуфт, ки фаъолони деҳа ҷавобан ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда, моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Қонуни танзим ба сокинон фаҳмонида истодаанд. Мардум имрўз дарк кардаанд, ки ин ҳама саъю кўшиш барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии худи мост. Пештар барои туйи суннатӣ, арўсбарӣ ба хешу табор тўёна тайёр мекардем. Барои гузаронидани як маърака чандин ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Ҳоло, шукргузор ҳастем, ки камхарҷ гузаронидани тўю маъракаҳо самараи худро дода истодаанд. Аз ҳисоби камхарҷ гузаронидани маъракаҳо бонувон барои тамошо ба дигар мамолик, барқарор кардани саломатиашон ба осоишгоҳи «Баҳористон» ва табобатгоҳи «Оби Гарм» мераванд.

Р.БОБОКАЛОНОВА,
котиби иҷроияи  бахши Ҳилоли Аҳмари
Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh