Беҳтарин лоиҳаи ҳунарманд

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд аз 9-уми октябри соли 2017, №485 «Дар бораи баргузории озмуни вилоятии «Марказҳои истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» ва қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 17-уми ноябри соли 2017, №613 «Дар бораи баргузории озмуни шаҳрии «Марказҳои истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» марҳалаи аввали озмуни мазкур аз маркази истеҳсолии адрасбофии «Гули Сурх» оғоз гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақи истеҳсоли матоъҳои миллӣ, тарғиби сарулибос аз матои табиии аз ҷиҳати экологӣ безарар, рушди гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ ва баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ гузаронида  шуда, ҳадаф аз баргузории озмун эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии ниёгон ва меҳнати хонагӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонанишин, кам намудани сафи занони муҳоҷир ва дарёфти беҳтарин ҳунармандони Маркази тиҷоратии истеҳсолии ҳунарҳои дастӣ – адрасбофон мебошад.

Маркази истеҳсолии адрасбофии «Гули Сурх» соли 2015 дар маркази тиҷоратии «Ҳоҷи Ҳайит»-и Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ташкил шуда, дар курсҳои кӯтоҳмуддати он давоми соли ҷорӣ зиёда аз 200 нафар шогирд ин ҳунари қадимаро аз устоди адрасбоф Наргис Ҷумъаева аз худ намудаанд.

Бо ташаббуси ин зани ҳунарманд зиёда аз 400 метр матои адрас истеҳсол ва ба фурӯш гузошта шуд.

Соли 2016 ҳунарманд – Наргис Ҷумъаева дар озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» ширкат варзида, сазовори ҷои сеюм гардид. Дар фарҷоми озмуни вилоятӣ Наргис Ҷумъаева тӯҳфаи хотиравӣ ва мукофотпулии Раиси вилоятро ба маблағи 1000 сомонӣ сазовор гашт.

Наргис Ҷумъаева бо дастгирии шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар озмуни «Беҳтарини лоиҳаи ҳунарманд» иштирок намуда, ғолиби озмун дониста шуда, лоиҳаи он ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Соли равон Наргис Ҷумъаева гирандаи Гранти Президентӣ ба маблағи 20000 сомонӣ дониста шуд – афзуд Фирӯза Муъминова мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр.

Шералӣ Азимӣ,
котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh