САНОАТ ВА УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИЁТ

Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Наздик сӣ сол мешавад, ки мо дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ дорем ва корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли анвои гуногуни пӯшиданиву хӯрданӣ машғуланду соҳаҳои иҷтимоӣ ва маишӣ ба низом даромада, дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Алҳол мағозаҳо аз маҳсулоти ватанӣ сероб гардидаанду аз ҳисоби афзудани шумораҳои корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд гардидани корҳои сохтмонию маишӣ сафи муҳоҷирон низ рӯ ба таназззул ниҳодааст.

Тавре дар ҳар як суханронию мулоқоту вохӯриҳо ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаҳои саноатӣ бармеояд, мо бояд истеҳсоли ватаниро тақвият бахшида, бозори истеъмолиро бо моли ватанӣ таъмин намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, мардуми суғдмарз баҳри сазовор ва бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ самаранок меҳнат намуда истодаанд. Дар натиҷаи андешидани чораву тадбирҳои мушаххас маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолӣ соли пешин ба 20,5 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли ду ҳазору даҳум 3,6 маротиба афзудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2019 дар сатҳи вилоят 620 корхонаи хурду калони саноатӣ зиёда аз 175 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуда бошанд, дар нимаи аввали соли равон дар 682 корхона якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблагӣ 6576,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ба ин маънӣ дар шаҳри Хуҷанд – маркази вилоят ҳам алҳол сол аз сол номгӯи корхонаҳои истеҳсолӣ афзуда, шумораи молҳои ватанӣ низ зиёд гардидааст. Хосатан, ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар заминаи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор хуҷандиён низ камари ҳиммат баста, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, дар ободонию сарсабзии диёр саҳми хешро гузошта истодаанд. Дар асоси 88 банди нақша - чорабиниҳои тартибдода хеле корҳо амалӣ гардида, дар нимаи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба 552,2 миллион сомонӣ расида, дар ин давра инчунин чор корхонаи истеҳсолӣ, ду муассисаи ташхисию табобатӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, расадхона, хатти обрасонӣ, ду маркази хизматрасонӣ, чор бинои истиқоматии баландошёна, 74 нуқтаи савдо ба истифода дода, 322 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Вазидани насими Истиқлол, фазои сулҳу амонӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ боис гардиданд, ки биноҳои мактабҳои кӯҳнаву фурӯрафтаистода ва муассисаҳои тандурустиву дигар иншооти маишӣ бо тарҳи нав пӯшида шуда, роҳҳои мошингарди дохилию ҷумҳуривӣ ва аҳамияти байналмилали дошта мумфаршу ҳамвор гарданд. Инчунин, соҳаи саноат низ рушд ёфта, садҳо нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуда, моли истеҳсоли ватаниро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ карданд.

Чунончӣ, ба ифтихори солгарди Ваҳдати миллӣ чанд корхонаҳои саноатӣ дар вилоят дари худро боз намуда, қисме аз онон фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ мондаанд, ки инро ҳангоми ташрифи хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдиён» зикр доштанд.

Коргоҳ ҳанӯз беш аз сӣ сол муқаддам бо фарогирии 15 нафар корманд дар масоҳати умумии 4,26 гектар фаъолият дошт. Мутаассифона, бо мурури замон он аз кор бозмонда, дастгоҳҳои бекормонда бо гузашти вақт корношоям гардидаву мутахассисони соҳаҳои муҳандисию техникӣ тарки коргоҳ карданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар қатори дигар коргоҳҳо коргоҳи дӯзандагии солҳои сол дараш қулфбаста ва наздик ба фурӯрафтаи ҶДММ «Суғдиён» бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» аз нав эҳё гардид. Айни ҳол коргоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Хитой насб гардида, бонувони хуҷандӣ ба дӯхтани шим, нимшима, куртаҳои мардона, занона ва бачагона, инчунин либоси махсуси машғуланд.

Директори коргоҳ - зани меҳнатқарину ташкилотчии моҳир Шаҳло Латифова доир ба эҳёи дубораи коргоҳ, ҷалби сармояи дохилӣ ва саҳми ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфт: - Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол чорсад ҳазор дона маҳсулоти дӯхта мебошад. Мо бо таъсис додани коргоҳ қаноат нахоҳем кард, балки барои васеъ намудани он, афзун гардондани номгӯи маҳсулоти дӯхташуда боз ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳ аз ҳисоби пайдо шудани ҷойи корӣ шумораи кормандон ба яксаду ҳафтод нафар хоҳад расид.

- Боиси ифтихор аст, – идома дод суханашро сарвари коргоҳ, - ки дуюми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона ошно гардида, ҷиҳати дӯхти босифати либос, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамин ҳидояти Пешвои муаззами миллат мо, саноатчиёнро водор месозад, ки баҳри рақобатпазирии бозори ҷаҳонӣ саъю кӯшиш намуда, маҳсулоти хушсифатро пешкаши мизоҷон гардонем.

Дар ин самт дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ хеле назаррас мебошад. Соҳибистиқлолии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, рушди иқтисодии кишвар ва омода сохтани мутахассисони гуногунҷабҳа дар макотиби олӣ боис гардиданд, ки на танҳо корхонаи мазкур, инчунин чандин коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ пас аз таҷдиду азнавсозӣ мутобиқи талаботи замон дубора ба кор шуруъ намоянд.

Ҳар як корхонаи истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад маҳсулоти хешро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Коргоҳи мазкур низ чандест, ки бо ширкати шуҳрати ҷаҳонидоштаи «Текстил - трейд» -и Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, чанд моҳ қабл беш аз шаш ҳазор дона нимшими ҷинсии мардонаро интиқол сохт. Ҳоло, аз рӯи иттилоъ, бо ширкати «Бил Бом Бо» -и Ҷумҳурии Белорусия низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ минбаъд либосҳои занона ва мардонаро хоҳад дӯхт.

Бо ширкат ва соҳибкорони ватанӣ низ ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Дар масъалаи дӯхтани либоси мактабӣ бо чанде аз мактабҳои маркази вилоят шартнома баста шудааст.

Аз рӯи иттилои Шаҳло Латифова, дӯзандагони коргоҳ, ки духтарони маҳаллӣ мебошанд, дар як баст фаъолият дошта, тибқи муроҷиати коргоҳҳо ва муассисаҳои тандурустӣ дӯхтани ниқоб ва либоси муҳофизатии тиббиро низ ба роҳ мондааст. Дар асоси дархости ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «Сатн» беш аз сад ҳазор дона ниқоб омода гардид.

Дар асоси талаботи муассисаҳои тандурустӣ бошад, чорсад дона либоси муҳофизатии тиббӣ истеҳсол шуда, айни ҳол кор дар ин самт идома дорад. Дар корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Суғдиён” корҳои таъмиру тармим идома дорад, - қайд кард А. Раҳматзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, - ҳангоми ба истифода додани сехҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рангуборкунӣ, ки он ҳам ба таври замонавӣ омода хоҳад шуд, фаъолият дар ин самт шабонарӯзӣ ба роҳ монда, боз дусад нафарро бо ҷойи корӣ таъмин месозанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh