Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро”

2 декабри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” боздид намуд.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони бурунмарзӣ бунёд гардида, ба коркарди меваю сабзавот машғул аст. Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, алҳол дар “Хуҷандагро” 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин карда шуда, истеҳсолот бо истифода аз таҷҳизоти истеҳсоли Русия, Чин ва Украина ба роҳ монда шудааст.

Масъулини корхона ҳамзамон барои хушксозии пиёз аз Аврупо таҷҳизоти навро ворид сохта, тасмим доранд, ки ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти истеҳсолшавандаро зиёд намоянд. Дар ҳоли ҳозир дар корхона дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мавриди коркард қарор мегирад ва айни замон барои коркард воридсозии сабзӣ аз навоҳии вилояти Хатлон ҷараён дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид бо ёдоварӣ аз ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии кишвар таъкид кард, ки роҳбарияти корхона бояд барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол чораҷӯӣ намояд. Инчунин захираи зарурии ашёи хом зарур шуморида шуда, пешниҳод гардид, ки бо назардошти зиёд будани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда кор дар ду баст ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh