Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Форел»

2 декабри соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Форел», ки дар канори дарёи Сир бунёд шуда истодааст, шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд тарабхонаи «Форел» дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ бунёд гардида, дар атрофи он ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре мушоҳида гардид, алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар ошёнаи якум ва дуюми иншоот бомаром идома дошта, 20 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардидаанд. Масоҳати тарабхона, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат аст, 960 метри мураббаъ аст.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосири брендӣ то 30 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh