Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

4 декабр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.

Дар машварат, ки бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти Раёсати андоз дар вилоят ва роҳбарони нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ҷараён гирифт, рафти таъмини иҷрои нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатӣ дар 11 моҳи соли 2020 баррасӣ шуд.

Нахуст оид ба таъмини иҷрои нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатӣ сардори Раёсати андоз дар вилоят Абдуқаюм Воҳидов гузориш дод.

Сипас, Раиси вилоят ба масъулини Раёсати андози вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа баҳри пурра иҷро намудани нақшаи андозҳои давлатӣ, руёнидани бақияи қарзи андозҳо, дуруст ба роҳ мондани низоми банақшагирӣ, маблағгузории саривақтии музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва пардохти нафақа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh