САРФАКОРИИ БАРҚ: МАСЪУЛИЯТ БОЯД БЕШТАР ШАВАД!

Аҳадҷон Саматов – муовини сардор оид ба фурӯши барқ дар ноҳияи Деваштич:

- Пешрафти энергетикаро дар Тоҷикистон олимони иқтисодшинос барои нигоҳдории рушди босуботу устувори иқтисодиёт, аз ҷумла афзоиши неруи содиротии кишвар, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, коҳиш додани таъсири хатарҳои буҳрони иқтисодӣ, пойдории қурби пули миллӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ аввалиндараҷа меҳисобанд. Истифодаи захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ метавонад Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба давлати содироткунандаи азими неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил диҳад.

Зимни баромадҳои хеш ба таври ҳамешагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи энергетика, махсусан дар раванди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, риояи фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи ин сарвати миллӣ ва интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ниёзманди энергетикӣ мебошад. Ҳамчунин, аз мардум даъват ба амал оварда мешавад, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ истифода намоянд. Маҳз, чунин иқдом имкон медиҳад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ солҳои наздик муваффақ гардем.

Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани мушкилию норасоиҳои неруи барқ дар мамлакат як қатор иқдомҳоро амалӣ намуда истодааст. Ҳамагон хуб медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.

Ҳоло, дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида, таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст.

Бунёду таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ барои баланд бардоштани иқтисодиёти энергетикии кишварамон дар оянда мусоидат намуда, барои расидан ба ин ҳадафи муҳим нақши калидӣ мебозад.

Аз ин лиҳоз, мо - масъулини соҳаи энергетика бори дигар ба шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилоят рӯ оварда, таъкид менамоем, ки тибқи таҳлилҳои обуҳавосанҷон зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Рано Раҳматова - духтури таваллудхонаи вилоятии ба номи Ӯғулой Шамсиддинова:

- Дар яке аз Паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд: “...Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 дарсади барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.”

Инак, се сол инҷониб орзуи чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ҷиҳати таъмини қувваи барқ дар фасли сармо – ғамхорӣ, кори хайр ва дастоварди азимест, ки ба шарофати талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст. Яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, алҳол кишвари мо дар ин самт зина ба зина ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоби ин ғамхорӣ месазад, ки неруи барқро оқилона истифода барем ва ба сарфаи ноҷойи он ҳаргиз роҳ надиҳем.

Бино ба гуфти мутахассисон, баробари рушди энергетика соҳаҳои дигари иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар тараққӣ намудаву Тоҷикистон ба пешравиҳои бештари иқтисодӣ ноил мегардад.

Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон як даъватест, баҳри баланд бардоштани масъулияти сарфаю сариштакории истифодаи нерӯи барқ эҳсос мешавад. Бинобар ин танҳо дар ҳолати сарфакории нерӯи барқ, ҳисси масъулияти баланди ҳар шаҳрванд метавон дар роҳи татбиқи барномаҳои тарҳрезишудаи кишвар саҳмгузор бошем.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh