БАРҚРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД

Дар асоси муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» аз санаи 10 - уми декабри соли равон интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид. Яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар миқёси кишвар бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо неругоҳи хурду бузург, аз қабили нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Имрӯзҳо сокинони кишвар метавонанд дар ҳамаи фасли сол бо барқи истеҳсоли худӣ ба пуррагӣ таъмин гашта бошанд. Ҳоло дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози нерӯи барқ ба яке аз кишварҳои сабз шомил мебошад, ки нерӯгоҳҳои барқии он тавассути об ба кор андохта мешавад. Бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираи об вобаста аст.

Нисбатан гарм ва камоб омадани соли ҷорӣ  боиси кам шудани оби дарёи Вахш гардид. Аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

Бо назардошти ин омилҳо самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он муҳим аст. Дар сурати риояи омилҳои зикргардида он ҳам барои ғанӣ гардонидани шароити оила ва ҳам буҷети давлат муфид хоҳад буд.

Бино ба иттилои директори Шабакаҳои минтақавии барқии шаҳри Истаравшан Самӣ Даврон, шабакаҳои минтақавӣ имрӯз баҳри дар зимистон ба пуррагӣ таъмин будани аҳолӣ бо барқ як зумра корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар тобеияти шабакаи мазкур шабакАҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Истаравшану Спитамен, Ҷаббор Расулову Зафаробод, Шаҳристону Деваштич ва шабакаи минтақавии қитъаи Исмоили Сомонии мавзеи Калининобод қарор доранд.

Алҳол корҳои таъмириву барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва насби симчӯбҳо ва ивази ноқилҳои фарсуда ба пуррагӣ иҷро гардида, нақшаи пешниҳодгардида 98,1 фоиз иҷро шуд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро то ҳол ба пуррагӣ шабақаи минтақавии барқи шаҳри Истаравшан ба зимистонгузаронӣ омода нест?. Сабаби асосӣ он аст, ки то имрӯз муштариёни атрофи шаҳр ва ҳудуди минтақа, инчунин хоҷагиҳои деҳқоние, ки пайваста аз барқ истифода мебаранд, аз норасоии нерӯи барқ азият мекашиданд. Аз ҳамин сабаб бо насб намудани трансформатори 40 мегаволт ампер дар зеристгоҳи барқии Чорбоғи шаҳри Истаравшан ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Алҳол, тибқи маълумоти масъулин, ин трансформатор насб шуда, аз озмоиш гузаштааст. Дар рӯзҳои наздик бо пешниҳоди Шабакаҳои барқи тоҷик он ба фаъолият оғоз менамояд ва мушкилоти сокинон ба пуррагӣ ҳал хоҳад шуд.

Мувофиқи нақша, то имрӯз аз муоинаи техникӣ хатҳои интиқоли барқии 500 киловолти L - 518 Ҷануб - Шимол, Қиб - 220 киловолт Суғд – Айнӣ, инчунин таъмир ва озмоиши ғайринавбатии автотрансформатори АТ - 1,2 дар зеристгоҳи барқии Суғд - 500 гузаронида шудааст.

Барои беҳтар намудани барқтаъминкунии муштариёни шаҳри Истаравшан 4 адад истгоҳи трансформатории 10,04 иловагӣ насб шуд, ки он барои кам шудани бори дигар трансформаторҳо боис мегардад. 

То имрӯз дар ҳамаи зеристгоҳҳои барқи шаҳру ноҳияҳои номбурда, ки ба шабакаи минтақавии шаҳри Истаравшан тобеъ ҳастанд, як зумра корҳо ба иҷро расонида шудааст. Аз ҷумла дар қитъаи Исмоили Сомонӣ дар хати барқии ЛК-16 20, шабакаи барқи ноҳияи Спитамен 10 адад симчӯби фарсуда иваз карда шуданд. 

Ҳамчунин, ивази равғанҳои трансформаторӣ низ ба роҳ монда шуда, дар трансформаторҳои ноҳияи Деваштич 200 литр, Спитамен 385 литр, Зафаробод 450 литр ва қитъаи Исмоили Сомонӣ 425 литр иваз карда шуд, ки кори тарнсформаторҳоро хуб гардонид. 

Лозим ба ёдоварист, ки Шабакаҳои минтақавии барқии шаҳри Истаравшан дорои 163195 муштарӣ буда, аз он 153600 нафарашро аҳолӣ ташкил медиҳад. 

Мардуми шарафманди шаҳри Истаравшан бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагии кишвар ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сокинон қаноатманд буда, зикр менамоянд, ки  дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар ватани азизамон ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ,  яъне ба истиқлолияти энергетикӣ  ноил гардида истодааст.

Шокирбой Давлатов, сокини шаҳри Истаравшан дар суҳбат гуфт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика  таъмин  карда  наметавонад”.

Дуюм рӯз мешавад, ки тамоми  сокинони ҷумҳурӣ, бахусус сокинони шаҳри мо 24 соат бе мамониат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд. Мушкилии мардум, ки аз нерӯи барқ танқисӣ мекашиданд, паси сар шуд. Зикр бояд намуд, сокинони ноҳия ифтихор аз он доранд, ки халқи тоҷик чунин як Сарвари  оқилу дурандеш дорад ва дар лаҳзаҳои душвор бо кору фаъолияти хайрхоҳонаи хеш баҳри мардум ғамхориҳои беназир зоҳир менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Хуҷанд – Истаравшан - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh