Истифодаи сарфакоронаи барқ - талаботи рӯз

Машварати кории Раиси вилояти Суғд 

Санаи 11 декабри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба соҳаи саноати вилоят, аз ҷумла вазъи таъминот бо нерӯи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони ширкати «Барқи Тоҷик» ва сардорони шабакаҳои барқи шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар машварат таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба фарҷом расонида шуда, аз санаи 10 – уми декабри соли равон интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пурра ҷорӣ гардонида шуд.

Дар ин бобат Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон низ баён гардид ва дар ин раванд масъалини соҳа вазифадоранд, ки ҷиҳати истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надода ба талафоти он, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо дастури Раиси вилоят гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ин самт корҳо тавсеа меёбанд.

Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар дар машварати корӣ роҷеъ ба вазъи соҳаи энергетикаи вилоят, ҷараёни корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва ҳолати пардохти маблағи барқи истифодашуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дод.

Зикр гардид, ки бо мақсади сарфаи нерӯи барқ дар фасли зимистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 791 нуқтаи фурӯши ангиштсанг ва 410 нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст. Пардохти умумии маблағи барқи истифодашуда дар вилоят 87,3 фоизро дарбар мегирад. Боиси таъкид аст, ки дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан ва Панҷакент қарзи истифодаи нерӯи барқ дар сохтори кишоварзӣ, аз ҷумла обрасонӣ хеле афзудааст.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки бобати пардохти саривақтии маблағи нерӯи барқ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф ва кам намудани талафоти барқ тадбирҳо андешида, соҳаҳои иҷтисодиву иҷтимоии вилоят, алалхус соҳаи саноат ва аҳолиро дар ин давра пурра бо барқ таъмин намоянд.

 Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh