ҲАДАФ: НОИЛ ГАРДИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Албатта, соҳибихтиёрӣ неъмати бебаҳоест, ки баҳри ҳар як фарди кишвари мо саодати рӯзгор, ободиву осудагӣ, сулҳу суботи поянда овард. Имрӯзҳо мардуми шарифи сарзамини мо бо эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри сазовору шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон монда нашуда, заҳмат мекашанд. Дар ин радиф бештар аз 11725 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод низ меҳнати садоқатмандона дошта, маҳаллаҳо, роҳу кӯчаҳоро обод, иншоотҳои нав бунёд намуда истодаанд.

Вақте аз раиси ҷамоат Абдуваҳҳоб Абдуқайюмов бобати дигаргуниҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷамоат ва дастовардҳои сокинон суол кардам, ӯ гуфт:

- Барои мардуми ҷамоат дастоварди аз ҳама беҳтарину волотарин ин бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат гузаронида шудани таҷдиди сохтори кишоварзии мамлакат ва ба соҳибаш - деҳқони асил дода шудани замин мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки сокинони ноҳия асосан деҳқону деҳқонзодагон мебошанд ва бо баробари ба ихтиёрашон вогузошта шудани замин дар заминаи хоҷагиҳои пештараи «40-солагии Тоҷикистон» ва «Суғдиён» 1769 адад хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуданд ва деҳқонон тамоми меҳру муҳаббаташонро ба меҳнат, ба замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, афзун гардондани боздеҳи замин бахшидаанд.

Инак, тайи солиёни тӯлонист, ки аҳли ҷамоат дар бисёр соҳаҳои зироаткорӣ, бахусус пахтакорӣ пешсафанд. Аз ҷумла, соли равон аввалин шуда дар ноҳия нақшаи ҷамъоварӣ ва ба хирмани мамлакат рехтани ҳосили пахтаро таъмин намуданд ва аз 2102 гектар замини пахтазор ба ҷои 4010 тонна 4148 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъ оварда, нақшаро 103 фоиз ба иҷро расонданд. Дар ин зафар саҳми аҳли хоҷагиҳои деҳқонии «Раҷаббой» (раисаш Умурқул Раҷабов), «Тоҳир» (раисаш Бобосафар Сафаров), «Абдуфайёз», (раисаш Алиҷон Орифов), «Ободӣ» ( раисаш Ҷӯрабой Авезов), «Бахтиёрҷон» (раисаш Фахриддин Йӯляхшиев), «Қаротегин-45» (раисаш Йӯлчӣ Фозилов), «Тоҷиқул» (раисаш Тоҷиқул Шорозиқов), «Фазо» (раисаш Зуфар Сангинов), «Ғайбулло» (раисаш Атобулло Ҳидоятов), «Зарафшон-2012» (раисаш Мирзораҳим Азимов) басо арзишманд мебошад. Бояд гӯям, ки аз хирмани беш аз бисту ҳафт ҳазор тоннагии ноҳия зиёда 14 фоизашро хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати ба номи Ҳамид Алиев таъмин намуданд, ки ин, албатта, саҳми кироӣ аст.

Аз боздеҳи меҳнати деҳқонон ва ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия худи ҳамин сол барои пешравии кори зироаткорӣ 8 адад трактори «Беларус» харидем, ки ҳар кадомаш 180 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Албатта, ин техникаи кишоварзӣ кори деҳқононро хеле сабук кард.

-Барои кори деҳқонӣ,-мегӯяд раиси ҷамоат,- аз ҳама муҳим ба ихтиёри худи деҳқон вогузоштани рӯёнидани ҳосил, зироаткорӣ будааст. Акнун, ки марди деҳқон бо хоҳиши худаш зироат кишт менамояд, рӯзгораш сол аз сол обод шуда истодааст. Аз ин ҳисоб саховатпешагон-инсонҳои ватандӯсту меҳанпарвар баҳри ободиву шукуфоии маҳалли зисти худ иқдомҳои шоистаро амалӣ карда истодаанд. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷамоати мо бунёди 13 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Дар доираи 1300 - рӯзи меҳнати созандаву бунёдкорона ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин иншоот дар маҷмуъ ба маблағи 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ дода шуд.

Аз ҷумла бо ҳиммати соҳибкор Алишер Зикруллоев сехи сементу хишти блокбарорӣ таъсис дода шуда, чанд нафар соҳиби ҷойи корӣ гаштанд. Бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ Ботур Искандаров ва Юсуф Ҳакимов мағозаҳои тиҷоратӣ бо чанд ҷойи корӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Соҳибкорон Акмал Ҳоҷимуродов ва Шералӣ Ҷумъаев бо маблағи худ ошхонаи «Суғдиён» ва «Шерон» ифтитоҳ намуданд, Нуралӣ Шамсиев ва Саидмурод Холов нуқтаҳои шустушӯи мошин ва дигар хизматрасониҳоро ба кор андохтанд. Бо ташаббуси соҳибкор Воҳид Ҷӯрабоев бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ Маркази савдо бунёд ва ба истифода дода шуд, ки аз ду ошёна иборат буда, дар он сехи дӯзандагии либосҳои миллӣ, мағозаи тиҷоратӣ ҷойгир аст. Ҳамчунин, бо қувваи соҳибкорон Ҷумъабой Раҷабов ва Ғайбулло Ҳусейнов маркази савдо ва мағозаи тиҷоратӣ, соҳибкор Валӣ Асланов кошонаи ҳусн мавриди баҳрабардории мардуми ҷамоат қарор гирифт. Дар маҳаллаи ба номи Ҷумъабой Соқиев бештар аз ду километр роҳ , ки хеле фарсудаву нообод буд, шағалпӯш ва кӯчаҳои маҳаллаи Чашмасор чароғон карда шуд.

Дар ҳудуди ҷамоат се таълимгоҳ мавҷуд буда, дар онҳо фарзандони мардум бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин мактабҳо дар арафаи соли нави хониш аз таъмир бароварда шуда, алҳол бо дастгирии ҷамоат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри зимистонгузаронӣ бо ангишту ҳезум пурра таъмин карда шудаанд. - Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, - изҳор дошт раиси ҷамоат,- сатҳи зиндагии сокинон хеле баланд гардид.

- Ба онҳое, ки ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд, аз ҷониби ҷамоат ва саховатмандон доимо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Ва ҷоиз ба зикр аст, ки аз бештар аз панҷсад нафар муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз сад нафарашон соли равон баргашта, ба зодгоҳашон омаданд ва имрӯз бо меҳнати фоиданок машғуланд. Ба ифтихори ҷашни фархундаи мамлакат30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ҳоло ниятҳо ва реҷаҳои кашидаамон зиёд аст. Дар даҳ иншооти нотамом, аз ҷумла тӯйхона, маркази савдо, дорухона, мағозаи тиҷоратӣ, ҳаммом кор босуръат давом карда истодааст ва онҳо низ пайи ҳам ба истифода дода хоҳанд шуд, ки ин, аз як тараф, ба беҳтаршавии шароити рӯзгори сокинон мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, боиси пайдошавии ҷойҳои нави корӣ мегардад..

Дар маҷмуъ, ҳама пиру барнои ҷамоат бо меҳнати аҳлона машғул буда, баҳри ободиву гулгулшукуфии маҳалла, кӯча, ноҳия ва кишвари худ ҷидду ҷаҳд мекунанд ва ҳар яке мехоҳад, саҳми хешро дар ин ободкориву созандагиҳо бештар гузорад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh